Шоираи муштзан дар чорякфинали чемпионати ҷаҳон

Шоира Зулқайнарова, варзишгари 23-солаи тоҷик, дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни занон, ки дар пойтахти Ҳиндустон шаҳри Деҳлӣ ҷараён дорад, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт.

Ӯ дар рақобатҳо дар вазни зери 64 кило дар даври аввал 17-уми ноябр бар Стефани Пинейро Ақуино аз Пуэрто-Рико бо ҳисоби 5:0 ғолиб омад. Шоира дар даври дуюм 19-уми ноябр бар Мартина Шморанзова аз Ҷумҳурии Чех бо ҳисоби 3:2 дастболо шуда, ба чорякфинал баромад. Муштзани тоҷик дар даври чорякниҳоӣ шоми имрӯз, 20-уми ноябр, бо Дан Доу аз Чин рақобат мекунад.

Ҳамин тариқ, Шоира Зулқайнарова, ки дар баробари муштзанҳои 32 кишвари дигар ба ҳаққи ширкат дар даври чорякниҳоӣ даст ёфт, муборизаро барои медали қаҳрамонии бокси ҷаҳон идома медиҳад.

Вале дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Деҳлӣ ду муштзани дигари тоҷик – Миҷгона Самадова ва Гулмира Исроилова — ноком шуданд. Миҷгона дар вазни зери 57 кило дар нахустин рақобати худ аз Ҷо Сун Ҳва аз Кореяи шимолӣ бо ҳисоби 0:5 шикаст хӯрд. Гулмира бошад, дар вазни зери 81 кило бо Виктория Кебикава аз Беларус рақобат кард. Бо тасмими довар қувваозмоӣ дар раунди аввал (2:40) бинобар бартарии комили муштзани беларусиягӣ қатъ шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *