“Секс ТиҶей” ва “gov.tj” сабти ном намешаванд

Мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, ки дар домени миллии TJ номҳое бешармона ва берун аз ахлоқ, ба мисли “Секс нуқта ТиҶей”-ро сабти ном нахоҳанд кард.

 Маркази иттилоотиву техникии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, ки менеҷери домени миллӣ ба шумор меравад, дар ин бора дар “қоидаҳои сабтином дар минтақаи TJ” хабар дод.Ду сол қабл дар Тоҷикистон бори аввал фурӯшгоҳи маҷозӣ ё интернетии маҳсулоти ниёзи шаҳвонӣ — «секс-шоп» ба кор пардохта буд, ки аз ларзонгар (вибраторҳо) то «занони маснӯӣ»-ро пешниҳод мекард. Моликони фурӯшгоҳи маҷозӣ ё интернетӣ маълум набуданд, аммо онҳо дар шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук ва Инстаграм саҳифаҳои «Интим магазин Душанбе» ва «sex_shop_tj»-ро боз карда буданд.Бо ин ҳол, дар банди 17-уми қоидаҳо, ки ба ҳолати радди сабти номи домен дар минтақаи TJ рабт дорад, гуфта мешавад, “агар номи домени дархостшаванда аз калимаҳои хилофи манфиатҳои ҷамъиятӣ, принсипҳои башардӯстӣ, меъёрҳои қабулгардидаи ахлоқу одоб (калимаҳои дорои мазмуни қабеҳ ва бешармона, даъватҳои дорои хислати ғайриинсонӣ, таҳқиркунандаи шарафи инсон ё ҳиссиёти динӣ ва ғайра) бошад, сабти ном намешавад.”

Дар қоидаҳои нашркардаи ин марказ ҳамчунон гуфта мешавад, шахсе, ки нахустин шуда барои сабти номи домен муроҷиат мекунад, соҳиби он шинохта мешавад.

Ин марказ сабти номи сомонаҳоро бо номҳои ҷуғрофии кишвар ба мисли asht.tj, isfara.tj, mastchoh.tj ва ё ishkashim.tj манъ кардааст. Чун, ба гуфтаи масъулони марказ, дар сурати ҳанӯз сабтином нашудани ин номҳо низ онҳо барои истифодаи мақомоти дар маҳалҳо захира шудааст.

Ҳамчунон номҳое ба мисли gov.tj. mill.tj низ ба хотири дар оянда истифода шудан аз сӯи мақомоти давлатӣ ҳифз шудаанд.

Тоҷикистон рӯзи 30-юми июни соли 2003 ба созмони байналмилалии IANA — Созмони сабти ном дар интернет, марказаш дар аёлоти Калиформния барои сабти номи TJ- ҳамчун домени расмии Тоҷикистон муроҷиат кардааст. Домени TJ аз соли 2004 расман фаъол шуд ва айни замон дар кишвар 9 ширкат барои сабти номи доменҳо дар минтақаи TJ иҷозатнома доранд.

Ҳоло дар минтақаи Tj наздик ба 6 ҳазор сомона сабти ном шудааст

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *