Сел дар Амондараи Панҷакент (Видео)
Шоми 26 июн дар пайи жолаву борони сахт дар деҳаҳои Амондара ва Майкадаи ҷамоати Амондараи Панҷакент обхезии шадид шудааст. Дар бораи тахриби 25 хона ва ду кӯпрук гузоришҳо ба даст расидаанд.
Бино ба гузоришҳо, сел соати тақрибан панҷи аср оғоз ёфта, роҳи асосии байни деҳаҳои ҷамоат, ду кӯпруки мошингузар ва симчӯбҳои барқро хароб кардааст.
Сокинон дар бораи осеб дидани 25 хона хабар медиҳанд, вале Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда то ин соат хисороти сел ба 16 хонаро тасдиқ кардааст: «Тибқи маълумоти пешакӣ лойоба 6 хонаи истиқоматиро аз лой пур кард, ба 10 хонаи дигар қисман зарар расонд.Ҳамчунин сел садди зидди селро вайрон кард, дар натиҷа роҳҳои байни рустоҳоро шуста хароб кард.”
Мақомот дар ҳоли ҳозир машғули ҳисобу китоби ҳаҷми зарари расида бар асари ин офати табиӣ будаанд: «Сокинон ҳоло ба маҳалли амн интиқол дода шудаанд, ба онҳо кумакҳои аввалияи ғизоӣ, доруворӣ расонида мешавад. Ошхонаи саҳроӣ ҳам ташкил карда шуда, дар маҳалли офат духтурон навбатдорӣ мекунанд.”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ