Байрақи 50 метра дар Ваҳдат

Дар шаҳри Ваҳдат бо ширкати Президент  Эмомалӣ Раҳмон маросими кушодашавии варзишгоҳи нав доир шуд. Дар назди стадион дар милаи 50-метрӣ Парчами Тоҷикистон бо 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ барафрошта шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти президент, барои сохтани ин милаи 50-метрии Парчами давлатӣ дар шаҳри Ваҳдат аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ 1 миллиону 650 ҳазор сомонӣ, ё тақрибарн 200 ҳазор доллар ҷудо шудааст. Ин милаи парчам бо гулгашти наздашро ширкати маҳаллии «Некзод» сохтааст.

Дафтари матбуоти президент меафзояд: «Атрофи саҳни Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат гулзор карда шуда, фаввораҳо фаъол ва муҳити он чароғон кунонида шудааст, ки дили ҳар бинандаро мерабояд. Изҳори эътимод карда шуд, ки аз ин пас дар ин макони зебо ҳамчун нишони садоқат ва меҳру муҳаббат ба рамзҳои давлатӣ чорабиниҳои мухталиф баргузор карда мешавад ва болафшонии Парчами давлатӣ дар назди варзишгоҳи навбунёд ифтихори миллии ҳар бошандаи шаҳри Ваҳдатро боло ва ҳисси меҳандӯстии сокинонро тақвият мебахшад.»

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 27 июн дар Ваҳдат дар расми гушоиши чанд иншоот, аз ҷумла як мактаб ва варзишгоҳи нав ширкат кард. Маросими асосии бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ дар варзишгоҳи нави Ваҳдат баргузор шуд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *