Семинар-машварати Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии андози Россия

25-уми октябри соли 2024 дар меҳмонхонаи “Ҳайят Реҷенсӣ”-и шаҳри Душанбе Кумитаи андоз дар якҷоягӣ бо Хадамоти федералии андози Россия дар мавзуҳои маъмурикунонии андоз аз арзиши иловашуда ва тартиби истифодаи замимаи мобилии ҳуҷраи шахсии шахсони воқеӣ семинар — машварат баргузор намуданд.
Дар семинар беш аз 300 нафар андозсупорандагон ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд.

Қайд гардид, ки дар доираи “Созишномаи байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Федератсияи Россия дар бораи аз ҷониби Федератсияи Россия расонидани кумаки беподоши техникӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушд ва такмили низоми маъмурикунонии андоз” як қатор чорабиниҳо амалӣ карда шуд. Аз ҷумла Системаи автоматикунонидашудаи назорати андоз аз арзиши иловашуда ва замимаи мобилии ҳуҷраи шахсии шахсони воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд — замимаи мобилӣ) таҳия ва роҳандозӣ гардид.
Намояндагони Хадамоти федералии андози Россия тартиби истифодабарии Системаи автоматикунонидашудаи назорати андоз аз арзиши иловашуда ва замимаи мобилиро дар шакли рӯнамо ба иштирокчиён пешниҳод карда, қайд намуданд, ки системаи автоматикунонидашудаи назорати андоз аз арзиши иловашуда дар асоси маълумоти ҳисобнома-фактураҳо ва эъломияҳои андозсупорандагон графҳои иттилоотии бо ҳам алоқамандро ташаккул медиҳад. 
Тавассути графҳои номбурда муносибатҳои молиявии андозсупорандагон муайян гардида, ба пешгирии иҷро нагардидани қонунгузории андоз мусоидат намуда, ҳамчунин, ба дигар истифодабарандагони манфиатдор ҷиҳати омӯхтани маълумоти иловагӣ оид ба андозсупорандагон ва ҳисоботдиҳии онҳо дар системаи мазкур, бидуни гузариш ба дигар манбаъҳои иттилоотӣ, имконият медиҳад.


Замимаи мобилӣ дар ду платформаи мобилӣ — Android ва iOS татбиқ мегардад ва вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд, аз ҷумла: бақайдгирӣ дар утоқи шахсӣ, ворид шудан ба система тавассути рамзи махфӣ ё бо истифода аз маълумоти биометрӣ (изи ангушт ё faceID), шинос шудан бо паёмҳои Кумитаи андоз, кор кардан бо ҳисобкунаки андоз, шиносоӣ бо маълумот оид ба амволи шахси воқеӣ ва дигар имкониятҳоро пешниҳод менамояд.
Ҳамзамон, дар доираи Семинар байни кормандони Кумитаи андоз, намояндагони Хадамоти федералии андози Россия, андозсупорандагон ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар охир қайд гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, андозсупорандагон ва шарикони рушд ба монанди Хадамоти федералии андози Россия сиёсати андоз ва маъмурикунонии андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давра ба давра беҳтар гардида, барои самаранок татбиқ намудани назорати андоз, пешниҳод намудани хизматрасонии босифат ба андозсупорандагон ва васеъ намудани манбаи андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *