Сергей Лавров дар Душанбе
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров, шоми дирӯз вориди шаҳри Душанбе шудааст. Ӯ 13 май дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои ИДМ иштирок мекунад.
Бино ба иттилои агентии “ТАСС”, Сергей Лавров то ин замон бо сафари корӣ дар Маскат қарор дошт ва аз он ҷо ба Душанбе сафар кардааст.
Интизор меравад, ки дар ҷаласаи Шӯрои вазирон дурнамои рушди ҳамкориҳо дар доираи ИДМ баррасӣ шуда, ба масъалаҳои амнияти байналмилалӣ ва густариши робитаҳо дар бахшҳои гуманитарӣ ва илмӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир хоҳанд кард.
Илова бар ин, дипломатҳо вазъи Украинаро низ дар меҳвари баҳсу баррасӣ қарор хоҳанд дод. Маълум аст, ки ҷаласаҳои Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ аз рӯи анъана соле ду маротиба баргузор мешаванд.
Ҷаласаи навбатӣ дар моҳи октябр дар Нур-Султон баргузор мешавад. Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мақоми асосии иҷроияи ИДМ мебошад.
Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ дар асоси қарорҳои Шӯрои сарони давлатҳо ва Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фаъолияти сиёсати хориҷии давлатҳои аъзо, аз ҷумла фаъолияти онҳоро дар ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамоҳанг месозад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ