Боздошти қиморбози ашаддӣ дар Душанбе. Орзу Шарипов кист?

Мақомоти милитсия Орзу Шарипови 22 –соларо дар назди бозори “Ганҷина” ё маъруф ба “Саховат” боздошт карданд.

Ӯ  истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Деҳотӣ мебошад, ки  дар кӯчаи Неъмат Қарабоев, назди бозори Ганҷина ба амали мардумфиребонаи “алик — малик”  машғул буд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад, ки нисбати номбурда протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори Суд  ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15-шабонарӯз таъин карда шуд.

 Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз сокинону меҳмони пойтахт хоҳиш намудааст, ки дар сурати шоҳиди чунин ҳодиса гардидан, тавассути телефон, навор ва ё акс гирифта, ҷиҳати баррасӣ ба милитсияи пойтахт ирсол намоянд.

Қиморбозӣ ва ё ба истилоҳи мардумӣ «алик-малик» як падидаи номатлуб ва ғайриқонуние мебошад, ки баъзан дар кӯчаҳои пойтахт, асосан дар назди бозорҳо ва маконҳои ҷамъшавии одамон ба чашм мерасад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *