Боздошти қиморбози ашаддӣ дар Душанбе. Орзу Шарипов кист?
Мақомоти милитсия Орзу Шарипови 22 –соларо дар назди бозори “Ганҷина” ё маъруф ба “Саховат” боздошт карданд.
Ӯ истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Деҳотӣ мебошад, ки дар кӯчаи Неъмат Қарабоев, назди бозори Ганҷина ба амали мардумфиребонаи “алик — малик” машғул буд.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад, ки нисбати номбурда протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори Суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15-шабонарӯз таъин карда шуд.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз сокинону меҳмони пойтахт хоҳиш намудааст, ки дар сурати шоҳиди чунин ҳодиса гардидан, тавассути телефон, навор ва ё акс гирифта, ҷиҳати баррасӣ ба милитсияи пойтахт ирсол намоянд.
Қиморбозӣ ва ё ба истилоҳи мардумӣ «алик-малик» як падидаи номатлуб ва ғайриқонуние мебошад, ки баъзан дар кӯчаҳои пойтахт, асосан дар назди бозорҳо ва маконҳои ҷамъшавии одамон ба чашм мерасад.
Шарҳ