Сержанти тоҷик барои ҳамкорӣ бо “ДИИШ” ҳабс шуд
Суди ҳарбии Қафқози шимолӣ як нафар тоҷикро бо номи Зафар Холов, ки дар вазифаи сержанти калони Қувваҳои мусаллаҳи Русия кор мекунад, барои ҷалби ҳамкораш-капитани артиши Русия ба сафи ДИИШ гунаҳкор донист.
Тибқи иттилои “Озодагон” русӣ Зафар Холов, ки дар артиши ин кишвар тариқи шартнома кор мекард, моҳи декабри соли 2015 боздошт гардидааст: “Алайҳи ӯ бо моддаи 205.1-и Кодекси ҷиноятӣ, барои мусоидат ба фаъолияти террористӣ парванда боз шуда, баррасии он 14 декабр хотима ёфт”.
Тибқи иттилоъи манбаъ Зафар Холов, ки вазифаи фармондеҳи отделенияи қисми ҳарбӣ дар Владикавказро бар ӯҳда доштааст, замони суҳбат бо яке аз ҳамкоронаш, муттахасиси зиддимушакӣ, мехостааст ӯро бо роҳи тағйири ақида ва ё таъсири психологӣ ба ДИИШ ҷалб намояд: “Холов дар додгоҳ гуфтааст, ҳадафаш бовар кунондани ҳамкораш барои рафтан ба Сурия набуд. Ман ҳеч гоҳ радикал набудам. Ин танҳо гуфтугӯи нодуруст буд”.
Манбаъ мегӯяд, Холов дар артиши Русия 15 сол собиқаи корӣ дошта, дар ин муддат ҳеч гоҳ ба ҷавобгарӣ кашида нашудаст: “Дар як қатор амалиёти зиддитеррористӣ дар Қафқози Шимолӣ иштирок намудааст ва аз ҷониби Вазорати мудофиаи ин кишвар бо медал “Барои хизмати тулонӣ” сарфароз гардонда шудааст. Ӯ ду фарзанди 5 ва 2-сола доштааст”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ