Туркманистон: Ба ҷойи “Рухнома”-и Ниёзов “Сарчашмаи хирад”-и Бердимуҳаммадов
Вазорати маорифи Туркманистон, зимни судури як фармон омӯхтани китоби “Сарчашмаи хирад”-и президент — Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро ба ҷойи “Рухномаи”-и Сафармурод Ниёзов лозим донистааст.
То ҳол дар Туркманистони китоби “Р ухнома”-и Сафармурод Ниёзов чун фанни алоҳида таълим дода мешуд.
Романи “Номи хуби фаннонашаванда”-и Бердимуҳаммадов дар барномаи дарсии адабиёт барои синфи 7 чор соат ҷудо шудааст.
Президенти Туркманистон муаллифи китобҳои зиёд буда, танҳо худи ҳамин сол 6 китоб навиштааст, ки охиринаш “Мусиқии сулҳ, дӯстӣ ва бародарӣ” аст. Ҳамчунин китобҳои “Чой-дору ва илҳом”, “Суръати тези асп” ва “Шукуҳи осмонӣ” аз китобҳои дигари ӯ мебошанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ