Севумин ҳамла ба хабарнигори Радиои Озодӣ

Ба хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ дар Ишқобод Солтан Ачилова дубора ҳамла карданд. Сар аз 27 июл то кунун ин севумин фишор ба рӯзноманигори 67-сола аст.
Ба гуфтаи Очилова, 29 июн соати 9 субҳ вай аз манзилаш берун шуд, то аз дучархасавории оммавӣ акс бигирад.

«Вақте аз хона баромадам, чанд нафарро дидам, ки роҳи маро мепоиданд. Дар роҳ ба сӯи истгоҳ ҷавонеро, ки шитобон сӯи ман меомад, чанд акс гирифтам. Ин ҷавон ҳамроҳи мо ба автобус нишаст ва дар рӯ ба рӯи ман қарор гирифт. Ҳамин ки ман хостам аз шишаи автобус берунро акс бигирам, ин ҷавон аз дасти ман дошт. Духтари ман, ки ҳамроҳам буд, дасти ҷавонро аз дасти ман ҷудо кард», — гуфт Солтан Очилова.

Баъди ин ҷавон хабарнигор ва духтарашро дашному таҳдид кардааст.

«Ҷавон ба ман муроҷиат карда гуфт, ту акнун аз дунё чашм мепӯшӣ. Ба духтарам рӯ оварда гуфт, ҳоло пойҳоятро мешиканам. Вақте модарат мурд, ту чи гуна зиндагӣ мекунӣ? Шумо кишварро шарманда мекунед, фарёд мезад вай. Мо дар истгоҳи навбатӣ аз автобус поин шудем ва ба хона баргаштем. Тамоми роҳ вай аз паси мо меомад ва таҳдиди қатл мекард», — гуфт Солтан Очилова.

Хабарнигор мегӯяд, баъди ин ҳодиса нигарониаш бештар шудааст. Ин бори аввал нест, ки ба рӯзноманигор ҳамла сурат мегирад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *