Шӯрои уламои Тоҷикистон ба Албир Крганов посух дод
Шӯрои уламои Маркази исломӣ, танҳо ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон, иддаои муфтии шаҳри Маскавро дар бораи гӯё майл надоштани онҳо ба тарбияти муҳоҷирони тоҷик рад кард.
Мақомоти ин шӯро рӯзи 18-уми октябр бо нашри баёнияе гуфт, дар гузашта барои пешгирӣ аз ифротгарии муҳоҷирон бо ниҳодҳои расмии Русия ҳамкорӣ дошт ва дар оянда низ ба ҳамкорӣ идома хоҳад дод.
“Дар гузашта гамояндагони Шӯрои уламо, аз ҷумла раҳбараш Саидмукаррам Абдуқодирзода барои иштирок дар нишастҳои динии Русия ба он кишвар рафта, бо чанд гурӯҳ аз муҳоҷирони тоҷик мулоқот анҷом доданд. Шӯрои уламои Маркази исломӣ дар оянда низ бо истифода аз фурсатҳои фароҳам ҳамкориҳои худро тақвият хоҳад дод”, — гуфта шудааст дар баёнияи Шӯрои уламои Тоҷикистон.
Албир Крганов, муфтии шаҳри Маскав, рӯзи 16-уми октябр гуфт, ки тундгароӣ дар миёни муҳоҷирони тоҷик афзоиш ёфтааст. Ӯ гуфт, дар масъалаи коҳиши ақидаҳои ифротӣ бо муфтиёти Узбакистон ҳамкории хубе ба роҳ монда шудааст, вале ҷониби Тоҷикистон дар масъалаи кор бо муҳоҷирони меҳнатиаш дар ҳудуди Русия ҳамкорӣ намекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ