Шаҳодатномаи таваллуд. Аз оғози муроҷиат то гирифтани он чиро бояд донист?
Маҳмуд Шукуров, сокини шаҳри Душанбе соҳиби се фарзанд аст. Ӯ ҳангоми гирифтани шаҳодатномаи таваллуд хеле мушкил кашидааст. Вай замоне дар фикри гирифтани шаҳодатнома шудааст, ки дар боғча ҳангоми қабули фарзандонаш онро талаб кардаанд.
Ҳам дарсу ҳам сарсонӣ
“Ду фарзанди аввалам пас аз чор соли таваллуд соҳиби шаҳодатнома шуданд. Вақте ки ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ муроҷиат кардем, аллакай дер шуда буд. Барои ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои зарурӣ хеле даводав кардем. Ҷарима ҳам супоридем. Чунки дар вақташ барои гирифтани шаҳодатнома муроҷиат накардем”,-мегӯяд номбурда.
Ниҳоят ин сарсониҳо барояш дарс шуд. Ӯ ба фарзанди сеюмаш барои гирифтани шаҳодатномаи таваллуд дигар солҳо напоид. Пас аз як моҳи таваллуди фарзандаш ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ омад. Ҳамагӣ бо пешниҳоди чанд ҳуҷҷати тасдиқкунанда: нусхаи шиносномаи падару модар ва макони таваллуди фарзанд пас аз се рӯз шаҳодатномаро гирифтааст.
“Шаҳодатномаро ройгон гирифтам. Ин навбат ягон мушкилӣ накашидам”,- изҳор дошт номбурда.
Шояд мисли қаҳрамони ин матлаб нафарони зиёде ҳастанд, ки барои гирифтани шаҳодатномаи таваллуди фарзандашон саривақт муроҷиат намекунанд. Дар ниҳоят ҳам сарсон мешаванду ҳам ҷарима месупоранд.
Аз ҳушдори прокуратура то ҷаримаи волидайн
Ҳоло ҳолатҳои ҷаримаи волидайн ҳангоми саривақт нагирифтани шаҳодатномаи таваллуд барои фарзандонашон ба мушоҳида мерасад. Аз ҷумла, як сокини ноҳияи Восеъ барои сабти ном накардани духтараш дар идораи САҲШ ва нагирифтани шаҳодатномаи таваллуд 192 сомонӣ ҷарима шудааст. Мақомот аз ин сокини ноҳияи Восеъ Воҳид Тоштемиров ном мебаранд, ки ба духтараш Фараҳноз Тоштемирова бо гузашти ду сол шаҳодатномаи таваллуд нагирифтааст. Чунин қонуншиканиро Прокуратураи ноҳияи Восеъ зимни санҷиши вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ошкор кардааст.
Вобаста ба ин, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳ менамояд, ки дар асоси талаботи қонунгузорӣ, волидайн вазифадоранд фарзандони худро дар давоми се моҳи баъди таваллуд дар идораи САҲШ сабти ном кунанд ва шаҳодатномаи таваллуд гиранд.
Омор ва роҳҳои гирифтани шаҳодатнома
Бино ба маълумоти САҲШ-и Вазорати адлияи Тоҷикистон, давоми 10 моҳи соли 2022 (январ — октябр) 185 ҳазору 553 нафар кӯдаки то синни яксола ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин танҳо 144 ҳазору 980 нафар ё ин ки 77 дарсади навзодон дар давоми се моҳи аввал ба қайд гирифта шудаанд.
Дар 5 моҳи аввали соли равон бошад, 91784 кӯдаки то 1-сола ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 73878 кӯдаки то семоҳа соҳиби шаҳодатнома шудаанд. Яъне, волидайни дигар кӯдакон барои гирифтани шаҳодатномаи таваллуд шитоб ё ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ муроҷиат накардаанд.
Шояд яке аз сабабҳои саривақт ба қайд нагирифтани тифли навзод аз ҷониби волидайн аз ноогоҳӣ ва надоштани дониши ҳуқуқӣ бошад. Бинобар ин, падару модари кӯдаки навзод бояд аз меъёрҳои қонун огоҳ бошанд ва донанд, ки бақайдгирии кӯдак ҳатмӣ ва ройгон аст. Чӣ тавр кӯдакро бояд ба қайд гирифт? Аз соли 2016 дар Тоҷикистон ислоҳоти низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ идома дорад. Ислоҳоти мазкур маҷмӯи чорабиниҳоро оид ба содда, дастрас ва қулай намудани тартиби бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар бар мегирад. Яке аз марҳилаҳои муҳими татбиқи ислоҳоти мазкур баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ оид ба муҳимият ва сабти саривақтии асноди ҳолати шаҳрвандӣ мебошад.
Воқеан ҳам, баъзе аз падару модарон фаромӯш мекунанд, ки кӯдаки навзоди худро ба қайд гиранд, ки ин дар оянда метавонад боиси пайдо шудани мушкил ва ҳам сарфи маблағу вақти иловагӣ гардад.
Набояд фаромӯш кард, ки кӯдакони ба қайди расмӣ нагирифта қишри осебпазири ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Яъне, онҳо аз хадамоти асосие, ки давлат ба шаҳрвандони худ пешниҳод мекунад, бахусус хизматрасониҳои иҷтимоӣ, тиббӣ, таҳсил ва ғайра маҳрум мешаванд.
Пас, қайди давлатии таваллуди кӯдак санади расмии муайянкунандаи ҳолати шаҳрвандӣ мебошад. Пас аз қайди расмӣ кӯдаки навзод соҳиби шаҳодатномаи таваллуд мешавад ва ин ҳуҷҷат шахсияти ӯро то гирифтани шиноснома тасдиқ мекунад.
Шиноснома низ дар асоси маълумоте, ки дар шаҳодатномаи таваллуд дарҷ мегардад, дода мешавад. Тибқи боби дуюми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», ариза дар бораи бақайдгирии таваллуди кӯдак бояд на дертар аз се моҳ аз рӯзи таваллуди ӯ пешниҳод гардад.
Бартарии бақайдгирии давлатӣ дар давоми се моҳ дар он аст, ки варақаи шаҳодатномаи таваллуд ройгон дода мешавад. Ба онҳо танҳо пардохти хадамоти сабти таваллуд лозим аст.
Агар волидон пас аз се моҳ ариза пешниҳод намоянд, онҳо на танҳо барои бақайдгирии давлатӣ маблағ пардохт мекунанд, балки ҷарима низ месупоранд.
Дар Суғд вазъ чӣ гуна аст?
Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд ҳам мегӯяд, ки аз каммасъулиятии волидайн даҳҳо кӯдак аз сабти санади таваллуд берун мондаанд. Дар вилояти Суғд беш аз 1,6 ҳазор атфоли синни аз 1-сола боло то ҳол шаҳодатномаи таваллуд нагирифтаанд. Фараҳманд Нарзизода, мутахассиси САҲШ дар вилояти Суғд мегӯяд, ки баъзе волидайн солҳо ба ин тараф дар гирифтани шаҳодатномаи фарзандони худ фориғболӣ мекунанд. Дар асоси маълумоти оморӣ, дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар шаҳру навоҳии Суғд таваллуди 25,8 ҳазор кӯдак ба қайд гирифта шудааст. Тибқи қонунгузорӣ нисбати волидоне, ки барои саривақт гирифтани санади таваллуди фарзандонашон бемасъулиятӣ зоҳир мекунанд, ҷарима дар ҳаҷми 3 — 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо татбиқ хоҳад шуд. Ҳоло як нишондиҳанда баробар ба 68 сомонӣ аст.
Кӣ барои шаҳодатнома муроҷиат мекунад?
Пас аз таваллуди кӯдак падар ё модараш бояд ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи истиқомат (ҷамоатҳо, дар ҳолати истиқомат дар деҳот) бо ариза муроҷиат намоянд. Агар падару модари кӯдак имкон надошта бошанд, аризаро метавонанд хешовандони яке аз падару модар ё шахси аз ҷониби падару модар ваколатдоршуда, мақомоти васоят ва парасторӣ, ё ки шахси мансабдори муассисаи тиббӣ, ки кӯдак дар он ҷо таваллуд ёфтааст ва ё аз тарафи шахси мансабдори муассисаи дигаре, ки модар дар давраи таваллуд дар он ҷо буд ва ё кӯдаки таваллудшуда дар он ҷо қарор дорад, пешниҳод кунанд.
Якҷо бо ариза бояд шаҳодатномаи тиббӣ дар бораи таваллуд, нусхаи дутарафаи шиносномаҳои падару модар (ё яке аз онҳо), нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ байни падару модари кӯдак пешниҳод карда шавад. Агар ҳуҷҷатҳои зикргардида давоми се моҳи пас аз таваллуди кӯдак пешниҳод карда шаванд, шаҳодатномаи таваллуди кӯдак ройгон ва дар муддати аз 1 то 5 рӯзи корӣ дода мешавад. Падару модаре, ки аризаро дар бораи бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдак ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар муҳлати то се моҳ пешниҳод намекунанд, тибқи қонунгузории Тоҷикистон ҷавобгаранд.
У. Раҳимзода
P.S
P.S Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи «Муколамаи бисёрҷонибаи фаромарзӣ барои таҳаммулпазирӣ ва сулҳ дар Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, омода шудааст. Лоиҳа аз ҷониби консорсиум таҳти роҳбарии Бунёди Конрад Аденауэр дар якҷоягӣ бо се шарики миллӣ: Ҳаракати экологии «БИОМ» (Қирғизистон), Ҳаракати умумимиллии «Юксалиш» (Ӯзбекистон) ва Ташкилоти ҷамъиятии «Гендер ва тараққиёт» (Тоҷикистон) амалӣ карда мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ