Шаҳрдорӣ: Баробари дастгоҳҳои барқӣ, ангишту ҳезум низ истифода кунед…

Шаҳрдории Хуҷанд дастур додааст, ки сокинони хонаҳои заминӣ барои хӯрокпазӣ ва гарм кардани манзилҳояшон дар баробари  дастгоҳҳои барқӣ, роҳҳои алтернативӣ, яъне  ангишту ҳезумро низ  истифода баранд.

Сухангӯи шаҳрдорӣ Маъмури Юсуфзод хабар дода гуфтааст, ки масъулин уҳдадор шудаанд, ки бо мардум дар ин замина сӯҳбатҳо бикунанд. Мақомот гуфтаанд, ки дар сурати сарфакорона истифода нашудани барқ эҳтимол дорад, ки дастгоҳҳои барқтаъминкунии Хуҷанд бо мушкилоти фаннӣ рӯбарӯ шаванд.

Дастури шаҳрдории Хуҷанд дар ҳолест, ки охири ҳафтаи гузашта Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ба ҳангоми ба истифода додани бинои таъмиршудаи Кохи Ваҳдат дар Душанбе, ба мавзӯи таъмини аҳолӣ бо барқ дахл кард. Ӯ гуфт, бо назардошти афзоиши талабот ба қувваи барқ бояд дар кишвар аз масрафи зиёдатии неру, истифодаи дастгоҳу таҷҳизоти худсохту сермасраф ҷилавгирӣ шавад.Бояд гуфт, дар чанд ҳафтаи ахир, замоне ки дар саросари ҷумҳурӣ таъминоти барқ муназзам набуд, сокинони баландошёнаҳо низ барои рӯзгузаронии худ дар манзилҳояшон печҳои бобоӣ гузаронида ҳатто ҳезум ва дигар анвои сӯхтро захира кардаанд.Дар ин бора “Азия плюс” хабар додааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *