Нархи маҳсулот зери назорати Президент аст

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 15-уми декабр масъалаи назорати нархи маҳсулот дар бозори истеъмолиро ба миён гузошт.

Тавре ки маркази матбуоти Сарвари давлат иттилоъ медиҳад,   15 декабр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир карданд. Дар кори машварат аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, раисони ноҳияҳои пойтахт, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, масъулони сохтору мақомоти назди Президент ва Ҳукумати Тоҷикистон, дигар идораҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва бонкҳо иштирок карданд.

“Масъалаҳои муҳимму рӯзмарраи дар машварати корӣ баррасишуда таъмин намудани аҳолӣ бо нерӯи барқу гармӣ ва маводи ғизоӣ, вусъат додани тадбирҳои ободониву созандагӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва Президентӣ, суръатбахшии кишти тирамоҳӣ ва тайёрӣ ба кишти баҳорӣ, истифодаи самараноки гармхонаҳо, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, омода кардани тухмиҳои аълосифат, омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили сазовори ҷашни бузурги миллӣ – сисолагии истиқлоли давлатӣ, мизбонии шаҳри Душанбе дар чорабиниҳои банақшагирифташудаи минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, расонидани кумакҳои моддӣ ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа ва дар маҷмӯъ, андешидани тадбирҳо оид ба беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар ва назорати нархи маҳсулот дар бозори истеъмолӣ буданд”, иттилоъ медиҳад манбаъ.

Мувофиқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид соли 2021 барои сокинони сайёра соли вазнинтарин мегардад. Беш аз 270 миллион одам бо сабаби камбудии маводи ғизоӣ ба гуруснагӣ ва қиматӣ рӯ ба рӯ мешавад.

Бинобар ин, ба хотири таъмини аҳолӣ бо маводи ниёзи аввал масъулин дастур гирифтанд, ки бо истифода аз захираҳои мавҷуда дар марказҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, хусусан, дар пойтахти мамлакат ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар намудҳои маводи ғизоиро мунтазам ташкил намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *