“Шаҳри бехатар” дар Хуҷанд ҳам ҷорӣ мешавад

Лоиҳаи “Шаҳри бехатар” барои ба танзим даровардани ҳаракати нақлиёти вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд низ ҷорӣ карда мешавад.

Минбаъд қонуншиканиҳои ронандагонро кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ не, балки камераҳои мушоҳидавӣ ба қайд мегиранд.

Фирдавс Шарифзода — раиси шаҳри Хуҷанд зимни баргузории нишасти матбуотӣ ба журналистон иттилоъ дод, ки давоми соли 2023 ин лоиҳа дар маркази вилоят ҷорӣ карда мешавад.

“ Оид ба ин масъала мо 14-уми феврал бо ширкати чинии “Хуавей” мулоқот дорем. Ин ширкати чинӣ лоиҳаро қисман грантӣ ва қисман қарзӣ дар Хуҷанд ҷорӣ менамояд”,- иброз дошт шаҳрдор.

Дар миқёси шаҳри Хуҷанд баробари чароғакҳои роҳмано ҳамчунин 45 адад нуқтаҳои мушоҳидавӣ барои пешгирии қонунвайронкунӣ дар роҳ ташкил карда шуда, ба онҳо камераҳо насб мешаванд. Лоиҳа пурра омода буда, танҳо қисми харҷи маблағи он боқӣ мондааст.

Бояд зикр кард, ки лоиҳаи “Шаҳри бехатар” давоми чанд сол мешавад, ки дар шаҳри Душанбе фаъолият дорад ва то ҷое ҳаракат дар роҳҳои пойтахтро ба танзим даровардааст. Акнун шаҳрдори Хуҷанд мехоҳад таҷрибаи шаҳри Душанберо дар маркази вилоят пиёда созад.

Ҳамчунин, Фирдавс Шарифзода иброз дошт, ки муаммои асосии шаҳр — ин танг будани роҳи автомобилии миқёси шаҳр буда, мехоҳанд давоми сол роҳҳои автомобилгардро низ васеъ намоянд.

Фаррух УСМОНОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *