Шаҳритус: Бунёди 327 иншоот дар нақша аст

Дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ба хотири истиқбол аз 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 327 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.

Дар охири соли 2023 ифтитоҳи 3 иншооти дигар дар назар аст.

Ёқуб Сафарализода, директори КВД “Лиҳакаш” дар ноҳияи Шаҳритус ба Pressa.tj иттилоъ дод, ки аз соли 2022 то имрӯз беш 100 иншоот сохта ба истифода дода шуд.

Ӯ мегӯяд, имсол мувофиқи нақшаи тасдиқгардида бунёди 55 бинову иншоот дар назар буд, ки амали гардид. Ба таъкиди вай дар наздиктарин фурсад якбора се муассисаи таълимӣ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.

“Дар доираи эълон гардидани панҷсолаи рушди саноат сохтмони 34 корхонаи гуногуни истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст. Мо 10 корхонаро сохта ба истифода додем. То охири сол як корхонаи дигар ифтитоҳ мешавад. Боқимонда то соли 2026 марҳила ба марҳила сохта мешаванд”,-изҳор дошт маввсуф.

Машраби Аловиддин

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *