Боздошти Қудратуллозода Фирдавс барои латукӯбу шиканҷаи ноболиғ

Қудратуллозода Фирдавс, сокини шаҳри Душанбе барои латукӯб ва шиканҷаи писари ноболиғ боздошт шудааст.

2-юми декабри соли 2023, дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе пайдо гардид, ки шахси ношиносе писарбачаи ноболиғро тариқи таҷҳизоти барқӣ (электрошокер) шиканҷа ва лату кӯб менамояд.

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия вобаста ба ин ҳодиса Қудратуллозода Фирдавс Қудратулло, соли таваллудаш 2005, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе дастгир гардид.

Муайян гардидааст, ки ноболиғ Ҷалолов Асрор Қурбонович, соли таваллудаш 2008, истиқоматкунандаи ноҳияи И.Сомонӣ мебошад. Бинобар сабаби он, ки қаблан дар назди дӯстонаш чанд маротиба шаҳрванд Қудратуллозода Фирдавсро дашном додааст, номбурда ӯро дар назди мактаби миёнаи умумии № 70 интизор мешавад.

Сипас, ӯро ба болои боми биноҳои “Қайроққум”-и пойтахт даъват намудааст. Қудратуллозода Фирдавс ноболиғ Ҷалолов Асрорро латукӯб намуда, чанд маротиба бо таҷҳизоти барқӣ (электрошокер) ба баданаш задааст.

Вобаста ба ин ҳодиса санҷиш идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *