Шаҳриёр модари беморашро ба қатл расонд

Марди 32-солаи сокини кӯчаи Пахтаободи ҷамоати Фирӯзобаи шаҳри Конибодомро бо иттиҳоми қатли  модари 65-солааш дастгир кардаанд.

РВКД вилояти Суғд шоми 10 декабри соли 2023 дар нашри навбатии барномаи телевизионии “Милитсия хабар медиҳад” хабар дод, ки Шаҳриёр Норматов рӯзи 24 ноябр модараш Ҳалимаҷон Норматоваро дар хонаашон бо 136 зарбаи корд куштааст. Модари кушташуда 30 сол боз мубталои бемории рӯҳи будааст.

Рӯзи 24 ноябр байни модару писар дар ҳуҷраи хоби писар муноқишае бархост, ки бо чунин оқибати мудҳиш: қатли модар аз дасти фарзанд анҷом ёфт.

Шаҳриёр Норматов танҳо баъди як рӯз ба хешу табор аз марги ногаҳонии модараш хабар додааст, вале тавре бародарзодаи Ҳалимаҷон Норматова нақл кард, онҳо аввал дар гардани марҳум изи захми кордро дида, ба марги табии аммааш шубҳа кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *