Шаҳрванд: “Сити корт”-ро аз куҷо гирам?
Ман иштирокчии ҷанги Афғонистон ҳастам. Мехоҳам аз имтиёзам истифода кунам ва бо ин мақсад ба маркази “Сити корт” барои дастрасӣ ба корти ройгони нақлиёт дар ҳудуди шаҳри Душанбе муроҷиат кардам.
Онҳо барои гирифтани корти ройгон ба зодгоҳам — МИҲД-и шаҳри Ҳисор фиристоданд. Ба ман дар шаҳри Ҳисор гуфтанд, ки ба “Сити корт муроҷиат кунам”. Чӣ кор карданамро намедонам.
Агар илоҷи инро медонед, маълум намоед, кори савобе хоҳад шуд.
Умуман, иштирокчиёни ҷанги Афғонистон, ки дар қайди шаҳри Душанбе нестанд, корти ройгонро аз куҷо мегиранд?
М. РАҲИМОВ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ