Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ: 2 километр роҳ бозсозӣ мешавад

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 2 километр роҳ бозсозӣ карда мешавад. Таҷдиди ин роҳ бо ҳиссаи молии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат хоҳад гирифт.

Исмонқул Субҳонқулов, сардори Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки ҳоло роҳ омода карда шудааст ва бояд пурра асфалтпӯш шавад. Ӯ мегӯяд, роҳе, ки таҷдид мешавад, дар маркази ноҳия аст.

— Давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз Вазорати нақлиёти кишвар барои нигаҳдорӣ ва таъмири роҳ беш аз 147 ва ба андозаи 40 тонна муми моеъ гирифтаем. Идораи хоҷагии роҳҳои минтақаи Бохтар бошад, ба мо ҳашт тонна муми моеъ ҷудо кардааст. Дар ин баробар, аз буҷети мақомоти маҳаллӣ 142 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст. Саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатманд дар нуҳ моҳи соли равон наздики 1 миллиону 100 ҳазор сомонӣ аст,- гуфт ӯ.

Исмонқул Субҳонқулов афзуд, ки дар доираи истиқболи шоиста аз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмиру бозсозии роҳҳои мошингард идома дорад.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *