Шаҳрвандии Тоҷикистонро дубора гирифта мешавад?

Бо сабаби нооромӣ дар қаламрави Русия мехоҳам ба кишварам баргардаму шаҳрвандиамро аз нав ба қайд гирам. Вале намедонам, ки барои дубора шаҳрвандиро қабул кардан маро чӣ интизор бошад. Оё ман ин ҳуқуқро дорам?

Шаҳзод ИНОЯТОВ, зодаи Тоҷикистон, шаҳрванди Русия

Посух:

— Шаҳрванд ҳуқуқ дорад шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барқарор намояд. Тибқи талаботи қисми 3-и моддаи 17-и Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон” шаҳрвандони собиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд тибқи дархосташон ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор карда шаванд.

Бинобар ин, шумо метавонед ба Ватан баргашта, ба Вазорати корҳои дохилии кишвар муроҷиат намоед ва шаҳрвандии худро тибқи муқаррароти қонун барқарор намоед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *