KFC баста мешавад

Молики KFC — ширкати Yum!Brands 70 тарабхонаашро дар саросари Русия ба як ширкати дигар фурӯхтааст.

Нашрияи “Коммерсант” навишт, ки ба ҷои KFC дар шаҳрҳои Русия акнун тарабхонаҳои Rostic’s кушода хоҳанд шуд. Харидори тарабхонаҳои KFC ширкати «Фуд сервис» аз шаҳри Ижевск шуд. Ин ширкат дар гузашта 41 тарабхонаи вобаста ба KFC-ро дар ихтиёр дошт.

Дар умум дар тамоми Русия тахминан як ҳазор тарабхонаи KFC вуҷуд дорад, вале аксари онҳоро шахсони алоҳида соҳибӣ мекунанд.

Дар Тоҷикистон низ соли гузашта тарабхонаи KFC кушода шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *