Шаҳрвандони Қирғизистону Ӯзбекистон метавонанд бо ID-корт сафар кунанд

— Минбаъд шаҳрвандони Қирғизистон ва Ӯзбекистон метавонанд бо истифода аз шиносномаи миллӣ (ID-card) ба кишварҳои ҳамдигар сафар кунанд. Қаблан барои убури марз шиносномаи хориҷӣ лозим буд,- хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон.

Вакилони мардумии Қирғизистон тарҳи қонуни “Тасвиби Санад дар бораи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Созишнома миёни ҳукуматҳои Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар бораи сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандон”-ро қабул кардаанд.

Ҳамакнун шаҳрвандони ду кишвар бо пешниҳоди шиноснома ва афроди то 16-сола метавонанд аз марз убур кунанд.

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев низ созишномаи дахлдорро имзо кардааст.

Ҳамин тариқ, шаҳрвандони Ӯзбекистон ва Қирғизистон метавонанд дар қаламрави кишварҳои ҳамсоя то 60 рӯз бимонанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *