Соҳибкорони хурдро дастгирӣ мебояд!

Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барои беҳбудии халқу ҷамъият ва рушди давлат бояд давлатамонро саноатӣ кунонем. Ин кор яку якбора имконнопазир аст. Бояд аз истеҳсолоти хурд оғоз намоем.

Пешниҳоди ман чунин аст: Барои нафароне, ки ба истеҳсоли ин ё он ашё машғул мешаванд, имконияти васеъ фароҳам оварда шавад. Ҳар як нафар тавонад ақаллан дар хонаи худ ба истеҳсоли ягон чиз машғул шавад.

Баро он нафароне, ки аз истеҳсолоти хурд оғоз менамоянд, қарзҳо бо фоизи паст дода шуда ва махсусан аз ҳама намуди андоз ҳадди ақал ба муддати 10-15 сол озод карда шаванд! Дар ин муддат мардум каме сармоя ҷамъ намуда, барои васеъ кардани фаъолияти худ озод бошанд.

Мақсади асосӣ ин аст, ки дар майнаи сари мардуми мо фикри норасоиву монеагӣ хело афзоиш ёфтааст. Вақте имконияти фароҳам бештар шавад, мардум ба соҳибкорӣ сарукор гирифта, дар майнаи сарашон фикри соҳибкорӣ бештар мегардад. Маҳз пешравии давлатро соҳибкорон метавонанд суръат бахшанд.

Банда бо соҳибкорӣ ҳеҷ иртиботе надорам. Мисли дигар муҳоҷирон як муҳоҷири меҳнатӣ мебошам. Орзуи ҳамешагии ман ин аст, ки халқи мо аз кори сиёҳ бароянду ба соҳибкорӣ машғул шаванд. Дар ватани хеш фаъолият намуда, барои пешрафти ватани худ саҳмгузор бошем ва Тоҷикистонро ба яке аз давлатҳои ободу пешрафта ва гулгулшукуфон табдил диҳем.

Умаралӣ НИЁЗОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *