“Шаҳнавоз”- шабакаи нав дар Тоҷикистон

Дар назди Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон шабакаи нави телевизионии мусиқӣ ба фаъолият пардохт, ки барномаҳои вижаи мусиқӣ ва ҳунарнамоии овозхонҳои тоҷикро ба намоиш мегузорад.

Телевизиони нав рӯзи 13 ноябр муаррифӣ шуд ва дар ҳамин рӯз расман ба кор пардохт. Ин телевизион 24 соат барномаҳои мусиқӣ таҳия ва тақдим хоҳад кард.

ТВ “Шаҳнавоз” шабакаи ҳафтуми телевизионӣ мешавад, ки дар солҳои охир таъсис шудааст. ТВ “Тоҷикистон”, “Сафина”, “Ҷаҳоннамо”, “Базористон”, ТВ “Варзиш”, “Синамо”, «Душанбе» ҳама телевизионҳои давлатӣ мебошанд. Танҳо телевизионе, ки мақоми мустақилро дорад, СМТ ё “Симои мустақили телевизион” аст, ки ҳамарӯза барномаҳои тафреҳӣ ва фарҳангӣ таҳия мекунад.

Бархе коршиносон мегӯянд, дар бозори дохилии Тоҷикистон ТВ “Шаҳнавоз” ҳамакнун бо телевизионҳои маъруфи форсизабони мисли PMC ва GEM Music вориди рақобат мешавад ва эҳтимолан, тамошобинони аслии телевизионҳои хабариву иттилоотии дигари фаъол дар Тоҷикистонро аз они худ хоҳад кард.

Гуфта мешавад, ки маросими таъсиси шабакаи мусиқии “Шаҳнавоз” дар заминаи телевизиони давлатии “Тоҷикистон бо ҳузури Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар умури робита бо ҷомеа ва аҳли фарҳангу ҳунари кишвар сурат гирифтааст.

 Шабака мазкур дар заминаи телевизиони давлатии “Тоҷикистон”, аммо дар канали алоҳида муддати 24 соат барнома пахш хоҳад кард, ки ғолибан аз консерту барномаҳои мусиқӣ иборат мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

7 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *