Озмун: iPhone X -соҳиб меҷӯяд

«Tojikon Holiday” – як ширкате ки асосан ба баргузории ҷашнҳои арӯсӣ ва чорабиниҳои тафреҳӣ машғул аст, барои беҳтарин шеър дар васфи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон озмун эълон кардааст. Ба муаллифи шеъри беҳтарин дар бораи Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун тӯҳфа телефони iPhone X ваъда додаанд.

Ширкати«Tojikon Holiday” аз тариқи саҳифааш дар шабакаҳоии Фейсбук ва Инстаграм эълон кард, ки озмуни саросариеро барои беҳтарин шеър дар васфи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон оғоз мекунад: «Шумо омодаед қобилиятҳои худро намоиш диҳед? Мутмаинем, ки шумо мунтазири ин лаҳза будед! Озмуни беҳтарин шеър дар бораи раисиҷумҳури муҳтарами мо Пешвои миллати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро эълон мекунем.”

Дар ин эълон гуфта мешавад, ки озмуни беҳтарин шеър дар бораи Эмомалӣ Раҳмон ба шарафи Соли ҷавонон баргузор карда мешавад ва ғолиби ин озмун соҳиби телефони iPhone X хоҳад шуд.

Довталабон бояд бо қалами худашон дар бораи Эмомалӣ Раҳмон шеъра навишта, онро дар видео қироат кунанд ва бо ҳештеги #НашЛидерЭмомалиРахмон дар шабакаи Инстаграм гузоранд. Қабули шеърҳои довталабон аз 12 ноябр оғоз ёфта, то 26 ноябр давом мекунад.

Ҷоизаи асосии озмуни беҳтарин шеър дар бораи Эмомалӣ Раҳмон – телефони iPhone X — дар маросими тақдими ҷоизаҳои Wedding Ceremony Awards III 2017 ба ғолиб супурда хоҳад шуд. Wedding Ceremony Awards III 2017 рӯзи 30 ноябр дар Кохи Наврӯз доир мешавад.

Мансур Нигматов, раиси ширкати «Tojikon Holiday” рӯзи 13 ноябр дар сӯҳбат бо сомонаи «Ахбор” гуфт, эълони ин сабқати шеърӣ ба истиқболи гарме рӯбарӯ шудааст: «Дар байни якуним рӯз алакай беш аз 100 довталаб шеърҳои худро фиристоданд. Ба маълумоти ҳамаи онҳое ки дар ин озмун ширкат кардан мехоҳанд, расонданиам, ки аз онҳо клип кардану зери мусиқӣ гузоштани шеърашон талаб карда намешавад. Мо худамон баъдан бо истифода аз беҳтарин шеърҳо клип месозам. Довталабон бояд фақат дар камера шеърашонро қироат карда фиристанд. Бидуни мусиқӣ ё клип. Шеърҳоеро, ки фиристода мешаванд, ҳайъати ҳакамон аз миёни аҳли адаб баррасӣ мекунанд ва рӯзи 28 ноябр мо ба ғолиб даъватнома мефиристем, ки ба маросими Wedding Ceremony Awards III 2017 омада, ҷоизаашро бигирад.”

Мансур Нигматов гуфт, онҳое ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифа надоранд, метавонанд шеърҳои худро мустақиман бо Вайбер ба шумораи +992 935451617 ба «Tojikon Holiday” бифиристанд.

Эълони ҷоизаи «Tojikon Holiday” барои беҳтарин шеър дар васфи Эмомалӣ Раҳмон дар ҳолест, ки дар ин ҳафта – рӯзи 16 ноябр – аз интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми раҳбари аввали Тоҷикистон 25 сол мегузарад. Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳоло 65 сол дорад, соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби Хуҷанд ба қудрат расид ва инак 25 сол боз бар Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад.

Дар ин ҳафта дар Қасри Арбоб ба муносибати солгарди 25-уми иҷлосияи Шӯрои олӣ баргузории як маҷлиси тантанавӣ дар назар гирифта шудааст. Тарафдорони Эмомалӣ Раҳмон интихоби ӯ ба мақоми раҳбари кишварро муҳимтарин натиҷаи он иҷлосияи 25 сол пеши парлумон меноманд.

iPhone X – охирин фаровардаи ширкати Aplle аз силсилаи телефонҳои тамғаи iPhone аст, ки ҳафтаи гузашта дар Русияву Тоҷикистон расман ба бозор даромад.

«Tojikon Holiday” яке аз маъруфтарин ширкатҳои тафреҳии Тоҷикистон буда, асосан ба баргузории маъракаву чорабиниҳо, аз ҷумла ҷашнҳои арӯсӣ ихтисос машғул мебошад.

В честь года молодёжи в Республике Таджикистан TOJIKON HOLIDAY запускает конкурс! Вы готовы показать свои способности? Уверены вы ждали этого момента! Объявляем конкурс на лучший стих, про нашего Уважаемого Президента Лидера Нации Республики Таджикистан Эмомали Рахмон, а победивший выигрывает iPhone X. ��Условия конкурса:1. Стих должен быть авторским, а значит вы сами должны его придумать 2. Записать своё исполнение на видео3. Выложить видео в Инстаграм с хештегом#НашЛидерЭмомалиРахмон4. Отправить нам на Вайбер +992 935451617*Вручение состоится на Wedding Ceremony Awards III 2017Приём заявок с 12.11.2017 до 26.11.2017��#ЭмомалиРахмон#Таджикистан#конкурс#ЛидерНации#iPhoneX#НашЛидерЭмомалиРахмон#wca2017tj

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *