Шаҳрдори Душанбе навбатдорӣ ҷорӣ намуд

Рустами Эмомалӣ, раиси навтаъини Душанбе қарор кардааст, ки мансабдорон дар мавсими зимистон барои ҳалли саривақтии мушкили сокинон шабонарӯзӣ навбатдор истанд. 

Тибқи қарори Рустами Эмомалӣ аз 18-уми январ навбатдории мансабдорҳо моҳҳои январ ва феврал давом дошта, аз мудирони шуъбаҳои ноҳияҳо то ноиби аввали раиси пойтахтро дар бар мегирад.

Раиси Душанбе бо тасдиқи ҷадвали навбатдорӣ ҳадафи онро таъмини фаъолияти муназзами соҳаҳои ҳаётан муҳими хоҷагидорӣ дар шаҳр, зоҳир намудани вокуниши фаврӣ аз ҷониби роҳбарияти мақомот, мусоидат намудан ба ҳаллу фасли саривақтии муроҷиатҳо ва мушкилоти ҳамарӯзаи шаҳрвандон арзёбӣ кардааст.

Рустами Эмомалӣ масъулияти назорати иҷрои ин қарорро ба уҳдаи Саидзода Тоҷиддин, раиси дастгоҳи шаҳри Душанбе вогузор намудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *