Вазири кишоварзӣ: Помидор аз меъёр зиёд буд…

Вазири кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, ки соли 2016 помидори истеҳсолшуда беш аз талаботи сокинон будааст. Аммо кишоварзон иддао доранд, ки ҳосили хубе нагирифтаанд ва нархи помидор дар бозорҳо хеле баланд буд.

Иззатулло Сатторӣ, вазири кишоварзӣ дар нишасти матбуотие, ки  дар Душанбе баргузор гардид, гуфт, ки соли 2016 дар қаламрави ҷумҳурӣ беш аз 300 ҳазор тонна помидор истеҳсол шуд. Ба гуфтаи ӯ, бо дарназардошти ин ки талаботи як нафар солона 20 кило помидорро ташкил медиҳад, ин рақам бештар аз талаботи мавҷуда мебошад.
Дар ҳамин ҳол, ӯ дар посух ба суоли хабарнигорон вобаста ба шикояти кишоварзон дар мавриди пайдо шудани ҳашароте, ки ба помидор зиён мерасонад, гуфт, имсол чунин мушкил пеш намеояд. Ба қавли вазир, чун зимистони 2015-2016 хеле гарм омад аксар ҳашароту кирмҳо нест нашуда, ба ниҳолҳо дар баҳор таъсир расониданд: “Имсол зимистон хуб омада истодааст ва ҳамчунин мо доруҳои зидди ҳашаротро омода кардем”.
Ин дар ҳолест, ки ду соли ахир кишоварзон аз пайдо шудани кирмҳое, ки ба помидор зарар мерасонанд, шикоят мекунанд.
Кишоварзон мегӯянд, бар асари ин мушкил натавонистанд маҳсулоти зарурии босифатро ба бозор бароранд ва ин ба боло рафтани нархи помидор сабаб шуд. Аммо вазири кишоварзӣ мегӯяд, ҳоло арзиши помидор дар бозори истеъмолӣ нисбат ба соли қаблӣ хело арзон мебошад.

 

 

Дар охири  соли сипаришуда ҳафтаномаи “Тоҷикистон” бо нашри як мақолаи доманадор дар мавриди мушкилоти истеҳсоли помидор дар кишвар ба ин вазорат муроҷиат карда буд. Аммо он замон вазорати кишоварзӣ сабабҳои  мушкилотро на дар роҳбарию пешгирии ноӯҳдабароёна  аз бемории помидор бо номи “тута абсолюта”, балки дар чизҳои дигар дида буд.Гуфтаҳои вазир дар мавриди он,ки “помидор аз ҳарсола бештар истеҳсол шуд” комилан ба ҳақиқат наздик нест.  Агар чунин мешуд, дар фасли тирамоҳ,ки фасли ҳосилғундорист, нархи он аз 3 то 5 сомонӣ намешуд. Собиқ вазири кишоварзӣ Роҳбар Қосим низ соле “истеҳсоли картошкаро ба як миллион тонна расонидем” гуфта буд ва ҳамон сол як кило картошка дар бозорҳои кишвар то 5 сомонӣ боло рафт…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *