Шаҳри меҳрам, шаҳри бахтам, Душанбе!
Корҳои созандагию ободкорӣ дар шаҳри Душанбе рӯз то рӯз вусъат ёфта, тарҳу намои «гаҳвораи Ваҳдати миллӣ» аз дирӯз зеботар мешавад. Фақат дар моҳҳои май ва июни соли равон бо иқдомоти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе даҳҳо километр роҳҳои маҳаллӣ хушсифат таъмиру азнавсозӣ шуда, гулгашту чаманистон, варзишгоҳхои болокушода ва майдончаҳои кӯдакона бунёд гардиданд.
«Кӯчабоғи ошиқон», ки хиёбони марказии пой тахтро душанбегиҳо дар солҳои шӯравӣ бо меҳр ҳамин тавр шоирона ба забон мегирифтанд, бар замми сарсабзӣ чун қолини мунаққаш гулзор гардидааст (дар акс). Дар ин мавзеи дилрабо акнун ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол вомехӯранд, солхӯрдаҳо ёди ҷавонӣ мекунанд.
Дар қисмати мошинраҳи беморхонаи Қарияи Боло бошад, бо ибтикори волонтёрҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ лавҳаҳои зебое назаррабоӣ намуда, сокинони пойтахтро ба дӯстдории пойтахти Тоҷикистон даъват менамоянд: «Бо ту будам, бо ту ҳастам, бо ту мемонам, Душанбе», «Шаҳри меҳрам, шаҳри бахтам, шаҳри армонам, Душанбе», «Хандаи шумо зебанда аст»…
Э. НАЗАРОВ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ