Президент дар “Наврӯз” ба имом-хатибон ифтор медиҳад

Президенти  Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 15 июн дар Тошканд бо имом-хатибон ва рӯҳониёни аршад аз тамоми вилоятҳои кишвараш мулоқот карда, шоми панҷшанбе барои онҳо дар тарабхонаи «Наврӯз”-и пойтахт ифтор медиҳад.

Ин барои бори аввал аст, ки президенти  Узбекистон рӯҳониёнро ба ифтор даъват мекунад. Муовини муфтии Узбекистон шайх Абдулазиз Мансур тасдиқ кардааст, ки рӯзи 15 июн ба мулоқот ва ифтори раисиҷумҳур Мирзиёев имом-хатибон аз тамоми вилоятҳои ин кишвар хоҳанд омад. Шайх Мансур аз ҷумла гуфт: «15 июн дар Тошканд як нишаст барпо мешавад, ки дар он президент бо имом-хатибон сӯҳбат хоҳад кард. Мо ҳоло ба ин мулоқот омодагӣ дида истодаем.”

Ба гуфтаи манобеи огоҳ, ба мулоқот ва ифтори президент  беш аз 1200 имом-хатиб, аъзои идораи мусалмонон ва Кумитаи дин, ҳамчунин устодони мактабу мадрасаҳои динӣ даъват шудаанд.

Як имом-хатиб аз вилояти Андиҷон гуфт, имомҳое ки ба мулоқот ва ифтори президент ба Тошканд даъват нашудаанд, ҷараёни ин мулоқотро аз тариқи видео дар ҳукуматҳои маҳаллӣ тамошо хоҳанд кард: «15 июн, соати ҳафти субҳ тамоми имом-хатибони ноҳияҷову вилоятҳо бояд ба ҳокимият ҳозир шаванд. Ба мо гуфтанд, ки дар Тошканд як нишасти бахшида ба солим гардондани муҳими мазҳабӣ доир мешавад. Ин нишаст бо ширкати президент  то нимаи дуюми рӯз баргузор гардида, шом барои меҳмононаш ифтор медиҳанд.”Ин имом гуфтааст, азбаски мулоқот бо президент бояд тамрин шавад, ӯ дар ин ҳавои гарм ба далели синни ба як ҷо расидааш аз сафар ба Тошканд худдорӣ кардааст.Азбаски то кунун дар Узбекистон ягон бор раҳбари аввали кишвар барои рӯҳониён дар моҳи Рамазон ифтор ташкил накарда буд, шаама бесаброна мунтазири рӯзи 15 июнанд, ки мулоқоти Мирзиёев бо имом-хатибон ва нахустин ифтори президент чигуна сурат хоҳад гирифт?Интизор меравад, мулоқоти рӯҳониён бо президент Шавкат Мирзиёев аз соати 10 то 12 ба вақти Тошканд доир шавад. Ифтори президент барои имом-хатибон соати 20 дар тарабхонаи «Наврӯз” баргузор мешавад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *