Шаҳзодаи Самарқандӣ

Самарқанд, эй сайқали рўи пурожанг

Дар инҳисори маъбади обӣ,

Дар интиҳои фурсати зебо,

Нишастаам,

Пироҳанам обӣ

Ва осмонам обӣ.

Ва чашмонам сабз-сабз рў ба мазраъаи хушку холӣ,

Самарқанди бехобӣ

Мешукуфад лобалои минбари обӣ

Дар инҳисори маъбаи обӣ,

Ва бодҳои бепоён

Нишастаам.

Бўйи биёбон аз наздик меояд,

Ва сангҳои таҳқир

Мезанад бар дар

Ва ин ҳама хориҷӣ,

Забони дўсти кадом аст ин рўзҳо, эй дўст

Забони ишқ

Забони  суҳбати саҳаргоҳӣ

Забони шабҳои бехобӣ,

Намедонӣ?

Дар инҳисори минбари ларзон,

Дар интиҳои шуълаи шодӣ

Нишастаам,

Ман,

Охирин насли самарҷўёни Салҷуқӣ.

***

Салом модар

Умедворам наранҷидаӣ,

Умедворам, ки маро ҳамчунон хуб мешиносӣ

Ва ҷавониямро ва бесарухаёлиямро бибахшӣ.

Гарчанд пандҳоятро аз ёд мебарам,

Гарчанд аз худхоҳӣ гул-гул мешукуфам гоҳе,

Гарчанд хобҳоям мегурезанд,

Ки гове ҷуз гови тахайюл надушидаам,

Ва гўсолае ҷуз гўсолаҳои маъсуми муҳаббат

Нанвохтаам дар оғўши хеш.

Гарчанд осмонам осмони дигарест,

Гарчанд дастархонам шишаист,

Ва ёде аз боғҳои Самарқанд надорад

Даст ба сурат намекашам

Барои шукронаи нон.

Гарчанд бегонаам гоҳе,

Дар миёни бегонагон

Ман ҳамчунон моли туам,

Ман ҳамчунон дар паи орзуи туам

Эй, Модар,

Ки бароварда кунам шираи ҳастии замон.

***

Зимистон аст

Зимистон аст

Ва осмон тира,

На барф аст

На санҷобе,

На рўбоҳе,

Ки ба гулзор биравад.

Ва панҷараҳо

Абрувони хешро ба ҳам кашидаанд,

Ва чашмонашон сабз нест дигар.

Дар шишаи айнакашон

Инъикоси хираи дарахтест,

Ки бо гардани дароз

Ва бозувони лоғар,

Мудом меларзад.

Садои обсофкун меояд,

Аз миёни зарфи гилолўд,

Аҷаб…

Моҳиён ҳанўз зиндаанд

Ва ҳанўз тиллоӣ.

Бисёр хастаам

Ки ҳатто номи моҳиёни хешро

Фаромўш кардаам,

Зимистон аст.

Ва ман нестам он касе,

Ки дар хонаи ман

Сарду сокит нишастааст.

Китобе мехонад,

Сигоре мекашад

Ва чойе

Менўшад…

شهزاده سمرقندی

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *