“Сомон Эйр” боз ҳам ба Тошканд напарид, айби кист?

Парвози мунтазам ва расмии ҳавопаймои “Сомон Эйр” аз Душанбе ба Тошканд рӯзи 23 феврал низ анҷом нашуд. Мақомот сабаби ин вазъро шарҳ надода, вале сабтиноми мусофиронро қатъ намуданд. Қаблан маркази иттилоотии ширкати «Сомон Эйр» гуфта буд, ки ин парвоз бояд соати 13-и вақти маҳаллӣ сурат гирад. Ҷамила Ҳусейнова, сухангӯи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе низ субҳи имрӯз хабари парвоз дар хатсайри Душанбе-Тошкандро тасдиқ карда  гуфта буд, ки дар ин замина ширкати «Сомон Эйр» ба фурудгоҳ дархост пешниҳод кардааст. Аммо ба таври номаълум сабтиноми мусофирон қатъ ва ин парвоз анҷом нашуд.

Тафсилоти мавзӯъро баъдан дар ҳамин ҷо мутолиа кунед

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *