Рӯзи «облавачиён» муборак!

Дӯсти деринамро бо Рӯзи артиши миллӣ муборак бод гуфта, дар ҷавоб табрикам намуд:

— Рӯзи  «облавачиён» муборак!

Лаҳзае худро гум кардам, ки ин рӯз кай ва аз куҷо пайдо шудаст? Гузориши прокурори генералии ҷумҳурӣ дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар ва тасдиқи ӯ, ки ҳодисаҳои «облава» воқеан аз ҷониби баъзе комиссариатҳои ҳарбӣ ҷой  дорад, ба ёдам расиду эҳтимоли воқеъият пайдо кардани Рӯзи  «облавачиён»-ро эътироф кардам…

Дар омади гап:  Пас кормандони комиссариатҳо метавонанд  иди «касбии хоси»  худро  дошта бошанд, аммо он набояд ба Рӯзи Артиши миллӣ рост ояд.  Онҳо метавонанд ин идро дар  давоми сол ду бор – 2 октябр ва 2 апрел – пас аз рӯзи даъватшавандагон, ки ба даъватҳои баҳорию тирамоҳӣ рабт дорад, бо шукӯҳу тантана таҷлил намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *