Бойбача дар сағирхона

 …Ҳидоят  дар остонаи сағирхона интизори модар нишастааст.Ба ҳар як зани роҳгузар бо умед менигарад, ки шояд ӯро омада, ба оғӯш кашаду гӯяд:”Ана ман омадам…”.

Охир ба ӯ  гуфтанд, ки як рӯз не, як рӯз  волидонаш меоянд  ва Ҳидоятро мебаранд.  Ӯ ҳарчанд дар синфи як мехонад, аммо намедонад, ки ҳаргиз дигар на падар ва на модараш ба суроғи ӯ намеоянд. Ӯ ятими кулл аст ва ягона парастораш имрӯз мураббиёну директори интернати бачаҳои бепарастор Бону Назарова мебошанд. Мегӯянд,ки дар ким — кадом ноҳия бибии пир ҳам дорад, вале то ҳол ӯро надидааст…

…Он рӯз ҳавои  Обигарм боронӣ буд ва гӯё аз дару девори ятимхонаи ин шаҳраки бо истироҳатгоҳи худ машҳур сел меборид. Бинои фарсудае,ки ҳанӯз соли 1963 сохта шудааст, то нисф дар байни барфҳои зиёди имсола монда буд. Аммо вақте ки вориди бино гардидем, ҳамаи он сардию номеҳрубонии ҳаво дар берун монд. Дар дохили бино як фазои идонаю хонаводагӣ эҳсос мегардид. Тарбиятгирандагони ятимхона дар як толоре,ки ҳам он ҷо дарс мехонданду ҳам маҷлисгоҳашон ҳисоб меёфт, дар атрофи бухории гарм  ҷамъ омада, ба ҷашни Рӯзи Артиши миллӣ  тайёрӣ медиданд. Духтараки наҳифпайкаре бо навбат “артистҳо”-ро ба саҳна даъват мекард ва онҳо ҳунари худро нишон медоданд.

-Инҳо рӯзи 23 феврал дар назди сарбозони Горди миллӣ,ки НБО-и “Роғун”-ро муҳофизат мекунанд, баромад хоҳанд кард,- гуфт оҳиста ба гӯшам Қурбон- китобдори хонаи бачаҳо.

Аммо моро ба ин ҷо на намоиши ҳунари ин кӯдакони боистеъдод, вале бепарастор, балки ҳуҷум ба модари онҳо оварда буд. Ҳуҷуми номардона ва боғаразона, ки аз ҷониби як гурӯҳи манфиатдор ба сарвари ин муассиса сурат гирифта, мехостанд аз тариқи матбуот ӯро бадном кунанд.

-Аслан ман намехостам,ки ин вазифаро ба дӯш гирам, зеро кори осоне нест, вале азбаски худам аз тақдири талхи онҳо аз наздик ошно мебошам, розӣ шудам, ки онҳоро тарбия намоям. Бори охирин бо навиштанҳои зиёди роҳбарони собиқи тарбиятгоҳ беасос маро баъд аз 8 моҳи иҷрои вазифа аз кор гирифтанд, вале якуним моҳ мешавад,ки суд даъвоҳои бепояи ин гурӯҳро исбот намуда, маро ба вазифаам    барқарор намуд. Вале ин гурӯҳ ором шудан намехоҳад.

-Чаро маҳз шуморо манбаи фишор қарор доданд?

-Гап бисёр аст, вале кӯтоҳаш ҳамин, ки ман ба интернати бепарасторон омадан замон фаҳмидам, ки дар ин ҷо чанд нафаре ҳастанд, ки ба қавли мардум “оши худоии бепул” мехоҳанд, Яъне, аз рӯи оинномаи таълимгоҳ аз сабаби доштани волидон ва таъмин будан дар хонаи худ ҳаққи зиндагӣ дар интернатро надоштанд.  Ҳатто нафароне буданд, ки падарашон 70 сар гов дораду чанд хона, вале дар ин ҷо мезистанд. Инчунин, ақрабою ошноҳои роҳбари пешин шомили интернат шуда буданд. Роҳбари давлатамон ятимхонаҳоро барои бачаҳое,ки дар кӯча мондаанду парастор надоранд, ташкил кардаанд, на барои онҳое, ки мехоҳанд аз ҳисоби ҷамъият муфт зиндагӣ кунанд. Аз ин рӯ, ман ба сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намуда, чанд нафар аз ин тоифаро аз ятимхона берун кардам, ки ба онҳо нафорид ва аз паи саркӯб намудани ман сар карданд. Ҳар рӯз комиссия, ҳар рӯз тафтишот… Ба кор кардан ҳам вақт намеёбед. Аммо мо, то он ҷое, ки шароитамон имконият медиҳад, кор карда истодаем…

…Рӯзе, ки мо дар интернат будем, як гурӯҳ аз Идораи санитарию эпидемиологии ноҳияи Роғун таҳти сарварии Иззатулло Абдуллоев ба он ҷо омадад буданд. Ҳамроҳ бо онҳо вазъи санитарии тарбиятгоҳро аз назар гузаронидем. Аз ҷойгоҳи хоб то ошхонаю анбору ҳоҷатхонаро дида баромаданд. Вақте ки тафтишоташон ба охир расид, аз Абдуллоев пурсидам, ки  ба андешаи ӯ,  вазъи санитарии ятимхона ба талабот ҷавобгӯ ҳаст ё не? Ӯ гуфт: “Дар маҷмӯъ, ба талабот ҷавобгӯ, камбудиҳои ҷузъие, ки мавҷуданд,  бартарафшавандаанд.Бинед, новобаста ба он, ки чанд рӯз обҳо ях карда, интернат беоб монда буд, кормандони он  тозагии хонаю либоси бачаҳо ва ошхонаю ҷойҳои заруриро хуб ба роҳ мондаанд. Ҳоло зимистон, агар чил тарбиятгиранда аз берун дар пояш лою чирк орад, чӣ ҳолатро хоҳед дид? Раҳмат ба кормандони интернат,ки дар чунин шароит ба тозагӣ риоя мекунанд…”

Мо дар қабули ёрдамчии прокурори ноҳия Роғун Бахтиёр Зубайдуллозода. Вақте  ки мақсади омаданамонро ба ӯ баён намудем, ӯ гуфт:

-Воқеан ҳам, ин интернат мушкилоти зиёде дошт ва дар асоси пешниҳоди сарвари он ҳолати қонунӣ будани ҳузури чанд нафар тарбиятгирандаро  санҷида баромадем. Муайян карда шуд, ки  панҷ нафар аз тарбиятгирандагони он ҳуқуқи истиқомат дар он ҷоро надоранд ва нисбати ду нафари дигар  мо тафтишот бурда истодаем.Вақте ки ман  бо ду нафари онҳо суҳбат мекардам, бо он таҷрибае,ки дорам, рӯирост мегӯям, ки ахлоқи онҳо ба талабаи мактаб монанд набуд.  Дар интернат боз ҳолатҳои аз ҷониби тарбиятгирандагони синну солашон калон, ки даст ба ҷиноят задаанд, маълумот дорем ва тафтишот дар ин самт идома дорад.

-Ин камбудиҳо кай рух додаанд?

-Дар замони сарварии роҳбарияти собиқ…          муовини  раиси ноҳияи Роғун Фирӯзаи Файззода дар  мавриди дастовардҳои соҳаи маориф маълумоти зиёде дод, вале  нисбати  интернати шаҳраки Обигарм андешаи худро дорад:

-Интернат барои мардуми ноҳия ва минтақа зарур аст, вале ба шарте ки аз имкониятҳои он дуруст истифода барем. Ман нисбати роҳбари имрӯзаи он андешаи хуб дорам ва гумон мекунам, ки ӯ дар оянда метавонад онро ба як ятимхонаи намунавӣ табдил диҳад.  Барои ин мо кӯшиш мекунем,ки аз ҳар лиҳоз ба ӯ кумак кунем ва дар он ҷо фазои солимро муҳайё созем. Дар оянда бинои фарсудаи интернат бо дастгирии роҳбарияти ноҳия бозсозӣ хоҳад шуд…

Аммо андешаи мудири уӯъбаи маорифи ноҳия Муҳайё Юнусова нисбати Бону Назарова андаке фарқ мекунад.

-Назарова роҳбари хуб аст, аммо ман ба ӯ гуфтам,ки чун аз тариқи суд ба вазифаатон барқарор шудед, акнун кор кунед. Вақте ки баъд аз кор озод шудани роҳбари пешина хостем ба он ҷо директори нав таъин кунем, касе пайдо нашуд, ки ин вазифаро ба уҳда гирад. Аммо ӯ розӣ шуд…

Мантиқи гуфтаҳои мудирро нафаҳмидем. Чун Назарова аз ин кори мушкил рӯй натофтааст, пас ӯро бояд дастгирӣ намуд, на ин ки аз кор ронд…

…Вақте ки аз бинои интернат мебаромадем, дар берун борон ба барф табдил ёфта буд, ки баъдан бориши он  ду шабонарӯз идома ёфт. Ҳидоят дар қатори 47 нафар  тарбиятгирандагони ятимхона бо пайкари резаи худ наметавонист аз байни бародарону хоҳарони  худ пеш баромада, бо мо хайрухуш кунад. Ин дам Бону  ӯро аз замин бардошт,ки як сару гардан аз дигарон баланд шуд. Дар дил андеша кардам: “Акнун Ҳидоят модари худро ёфтааст  ва набояд бори дигар ӯро аз ин модараш ҳам ҷудо кард…”

А. АҲМАДЗОДА,

Душанбе-Обигарм-Роғун-Душанбе

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *