Шабнами Собирӣ аз аввалин вохӯриву ҳамкорӣ бо Мансур Нигматов гуфт
Ин навбат меҳмони барномаи «Дар меҳмонӣ»-и ютубканали «Tojikon group» Шабнами Собирӣ буд.
Нахуст, дастандаркорони барнома ба меҳмон занг зада, кӯшиш мекунанд, ки ӯро барои иштирок дар барнома розӣ кунанд. Ин манзара сохта намояд ҳам, шӯхиҳои Шабнами Собирӣ, ки дар гӯшаки телефон меоянд, диққатро ҷалб мекунанд.
Вақте ки ҳайати эҷодии барнома ба хонаи сароянда меҳмон мешаванд, пас аз салому ҳолпурсӣ ба бахши аввали барнома мегузаранд, ки ном дорад «Пухтани хӯрок».
Дар бахши аввал овозхон казанкабоб пухта, инчунин, доир ба кору зиндагиаш суҳбат кард.
Дар бахши дуюм саволу ҷавоб мекунанд. Аз ҷумла, дар мавриди аввалин ҳамкориҳо ва оиладор шуданаш бо продюсери маъруф Мансур Нигматов чунин мегӯяд:
— Ман 13 сол пеш дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон аввалин бор баромад кардам. Аз фитта Мансур маро ёфт ва пешниҳоди ҳамкорӣ кард. Мо чанд моҳ ҳамкорӣ кардем ва ҳамқисмат шудем.
Ҳамчунин, дар мавриди намоҳангҳои нав мегӯяд, ки ба наздикӣ барои шод кардани мухлисонаш дар Тошкент бар ивази 10 ҳазор доллар ду клип таҳияву пешкаши мардум гардонидааст.
Дар бахши сеюм меҳмони барнома нишон медиҳад, ки то кадом андоза аз уҳдаи корҳои хона мебарояд. Яъне, ҳам суруд мехонад ва ҳам хонаашро тамиз мекунад. Ёдовар мешавем, ки барномаи «Дар меҳмонӣ»-и ютубканали мазкур аз ҷумлаи барномаҳои шавқовар ва то андозае аз қолаб беруни сегменти тоҷикии “Ютуб” аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ