Шабнами Сурайё бо се таронаи нав дар як ҳафта (Видео)
Овозхони шинохтаи тоҷик Шабнами Сурайё дар ин ҳафта якбора се таронаи наваш – «Дилозор”, «Намеша- намеша” ва «Бибӯсам”-ро пешкаши мухлисон кард. Ба фарқ аз таронаҳои қаблиаш, Шабнами Сурайё се таронаи охирро бо як сабки дар муқоиса бо таронаҳои қаблии пур аз ҷӯшу хурӯшаш хеле ором, вале бо нозу адои бештари занона иҷро кардааст.
Се таронаи нави овозхони маъруф Шабнами Сурайё ин дафъа тавассути канали тозатаъсиси «Фаридун Исоев” нашр шудаанд.
Таронаи «Ҳамеша- ҳамеша” таронаи халқиест, ки дар гузашта аз ҷониби хонандагони дигари афғону тоҷик низ зиёд иҷро шудааст бо нақароти маъруфи:
Дӯстат дорам ҳамеша, ҳамеша,
Ошиқтар аз ман куҷо пайдо меша? Намеша! Намеша!
Кокули ту пареша-пареша,
Вақте ки кӯтоҳ кунӣ, зебо меша…
Таронаи «Дилозор” низ ҳавои таронаҳо ва сабки мусиқии афғониро дорад, вале мӯҳтавояшро Шабнами Сурайё ба истилоҳ «тоҷикӣ” кардааст:
Зи Кӯлоб омадам, Фархор мерам,
Қатӣ ёр омадам, бе ёр мерам.
Қатӣ ёр омадам дасто ба гардан,
Ба ҷон ҷӯр омадам, бемор мерам.
Ай дилозор, ай дилозор!
Маро бо ғами дуриат маёзор…
Таронаи «Бибӯсам” ба фарқ аз ду таронаи дигари Шабнами Сурайё матои комилан тоҷикӣ дорад ва матнашро ҳам шоири ҷавону шинохта Орзу Исоев навиштаву Шабнам ин таронаро бо як суръати нисбат ба ду таронаи нави дигараш хеле шӯхтар иҷро кардааст:
Бибӯсам лаби ангубинат,
Бибӯсам мармари ҷабинат.
Бибӯсам дона-дона-дона,
Бибӯсам, то касе надона.
Орзу Исоев дар солҳои охир яке аз таронанависони маъруфтарини тоҷик аст ва барои аксари ситораҳои эстрада матн менависад. Вале «Бибӯсам”, тавре худи Орзу дар Фейсбук хабар дод, нахустин таҷрибаи ҳамкории ӯ бо Шабнами Сурайёст.
Баъди даргузашти додари ягонааш Эмомалиҷони Хуршед, ки моҳи апрели соли ҷорӣ дар синни 16-солагӣ аз бемории саратон вафот кард, Шабнами Сурайё бори аввал таронаҳои навашро вориди бозор мекунад.
Шабнам дар аввали соли 2017 таронаи «Латино”-ро, ки бо яке аз овозхонҳои ҷавони рэпсаро муштарак иҷро карда буд, нашр кард ва қабл аз вафоти додараш таронаи дувуми худ – «Дива”-ро. «Дива”-ро дар 5 моҳ наздики як миллион ва «Латино”-ро то имрӯз 1,8 миллион нафар тамошо кардаанд.
Шабнами Сурайё аз маъруфтарин ситораҳои имрӯзаи эстрадаи тоҷик аст, ки дар берун аз кишвар, бахусус дар байни зодагони Афғонистону Эрон низ мухлисони зиёд дорад.
Шабнами Сурайё, духтари овозхони шинохта Сурайёи Қосим ва хоҳари калонии ситораи дигари эстрадаи тоҷик Фарзонаи Хуршед соли 1981 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омада, аз ибтидои солҳои 2000 ба ҳунарнамоӣ оғоз кард ва хеле зуд ба яке аз ситораҳои раддаи аввали эстрадаи тоҷик табдил ёфт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ