Ҷоми Тоҷикистон: «Хуҷанд» — «Барқчӣ» — 2:0

30 сентябри соли равон дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд аввалин вохӯрии нимфиналии Ҷоми Тоҷикистон миёни дастаҳои «Хуҷанд» ва «Барқчӣ»-и шаҳри Ҳисор доир гардид. Як голи хуҷандӣ Далерҷон Тӯхтасунов ва автоголи ҳисорӣ Султоншо Мирзоев тақдири бозиро ба нафъи соҳибони майдон ҳал кард.

Бозии ҷавобии  «Барқчӣ» бо «Хуҷанд» 4 октябр дар шаҳри Ҳисор баргузор шуда, ғолиби ин ҷуфт ба даври финалии Ҷоми Тоҷикистон роҳ меёбад ва бо ғолиби ҷуфти «Истиқлол» — КМВА «Помир» вомехӯрад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *