Ҷиҳози ҳар сокини мамлакат ба ҳисоб гирифта мешавад

Ҳукумати Тоҷикистон барои шумориши аҳолии кишвар то соли 2020 як кумисюни вижа таъсис додааст. Қарори ҳукумат дар ин робита ҳанӯз 7-уми сентябр содир шудааст.

Бино ба ин қарор, Тоҷикистон бар замми шумориши аҳолӣ ният дорад, манзили сокинон ва молу ашёи зарурии рӯзгор ба мисли телевизиону мошинаи ҷомашӯӣ, чангкашак ва яхдонҳоро ҳисоб кунад. Мақомот то ҳол ин тасмими худро шарҳ надодаанд.

Нуфусшуморӣ як маъракаи хеле пурхарҷ аст ва гуфта мешавад, барои гузарондани он дар Тоҷикистон дар соли 2020 кишвар ба 2 миллион доллар эҳтиёҷ дорад. Тоҷикистон барои гузарондани ин маърака аз созмонҳои байналмилалӣ, бахусус Бунёди нуфуси Созмони Милал пул дарёфт мекунад, аммо худи кишвар низ уҳдадор аст, то 15 дарсади харҷи нуфусшумориро аз буҷет пардохт намояд.

Тоҷикистон мисли ҳар кишвари дигари узви Созмони Милали Муттаҳид вазифадор аст, ки дар даҳ сол як бор маъракаи нуфусшумориро баргузор кунад. Нуфусшумории охир дар Тоҷикистон соли 2010 сурат гирифта буд, ки тибқи натоиҷи он аҳолии кишвар аз 7 миллиону 562 ҳазор нафар иборат буд.

Созмони Милали Муттаҳид пешгӯӣ мекунад, ки аҳолии Тоҷикистон то соли 2100 ба ҳаждаҳуним миллион нафар хоҳад расид. Ҷон Уилмос, мудири бахши нуфусшумории Созмони Милали Муттаҳид, ду соли қабл гуфт, бар асоси таваллудҳои зиёд дар Африқо ва Осиё дар нимаи асри 21 аҳолии ҷаҳон ду миллиард нафар зиёд мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *