Шадидтар шудани ҷазои ронандагон

Аз соли 2010 ба ин тараф дар садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои Тоҷикистон 3300 нафар ҳалок шудаанд. Президент Эмомалӣ Раҳмон ба ин далел хостори шадидтар кардани ҷазо барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва гунаҳкорони садамаҳои нақлиётӣ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, ки рӯзи 11 июл дар Кохи Борбад ба муносибати солгарди 10-уми қабули қонуни танзими расму ойин суханронӣ мекард, бо овардани омори рӯ ба афзоиши садамаҳои нақлиётӣ хостори шадидтар кардани ҷазо барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва афроди гунаҳкор дар садамаҳои нақлиётӣ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, аз соли 2010 ба ин тараф дар роҳҳои Тоҷикистон даҳуним ҳазор садамаи нақлиётӣ рух дода, дар ин фалокатҳои нохуш 3300 нафар ба ҳалокат расида, 11 800 нафар ҷарҳат бардоштаанд: «Яъне садамаҳои нақлиётии дар давоми ҳафтуним сол рухдода боиси мотами 3300 хонадон, ятим мондани кӯдакон ва бадбахт шудани оилаҳо гардидаанд. Аксари ҳалокшудагон одамони бегуноҳ мебошанд. Таъминоти минбаъдаи фарзандони бештари онҳо ба зиммаи давлат меафтад. Бинобар ин, давлат наметавонад нисбат ба ин ҳолат бетараф бошад.”

Эмомалӣ Раҳмон аксари садамаҳои нақлиётие, ки сабаби марги одамон мешаванд, бо айби афродест, ки гуфт, «қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намекунанд ва бо суръати баланд ҳаракат карда, талаботи аломатҳои роҳро дағалона вайрон месозанд.”

Ӯ афзуд, дар бисёр кишварҳои пешрафтаи дунё, аз ҷумла дар Япония, Хитой, Таиланд ва бархе аз иёлоти Амрико барои садамаҳои нақлиётие, ки сабаби ҳалокати одамон мешаванд, ҷазои шадиди аз 10 то 20 соли зиндон ва дар Канада ҳатто ҷазои ҳабси умрбод пешбинӣ шудааст.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ин далел бавазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, маориф ва дигар мақомоти зидахл супориш дод, то «дар муддати ду моҳ лоиҳаи қонунро доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои ҷорӣ барои бе ҳуҷҷати ронандагӣ, дар ҳолати мастӣ идора кардани воситаи нақлиёт, бо суръати баланд ҳаракат кардан ва ба муассисаи таълимӣ бо автомашинаи шахсӣ ҳозир шудани наврасону ҷавонон омода карда, барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.”

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, дар 7 соли охир ронандагонро дар кишвар барои вайрон кардани қоидаҳои роҳ ба маблағи 245 миллион сомонӣ ҷарима бастаанд. Танҳо дар ду соли охир ва 5 моҳи аввали соли равон дар Тоҷикистон беш аз 20 ҳазор мавриди дар ҳолати мастӣ рондани воситаҳои нақлиёт ва 76 садамаи нақлиётӣ бо айби ронандагони маст сабт шудааст. Дар ин 76 садама бо айби ронандаҳои маст, ба гуфтаи раисиҷумҳур, 35 нафар ҷон бохта, 86 тани дигари маҷрӯҳ шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *