Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ 196 978 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд

26 январ дар нишасти матбуотии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки мувофиқи маълумоти оморӣ-гумрукӣ дар соли 2016 ба кишвар ба миқдори 93,4 ҳазор тонна шакар ворид гардидааст, ки нисбат ба соли 2015 44,8 ҳазор ё 32,4 фоиз кам мебошад.
Сардори хадамоти мазкур Саъдӣ Қодирзода ин нишондодро шарҳ дода, зам намуд, ки ба воридоти шакар 66 субъекти хоҷагидор машғуланд, ки ҳиссаи бештари он ба ҶДММ «Шаҳром компания» (26,7 фоиз), Агентии захираҳои моддии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ (20,8%) ва ҶДММ «Оби зулол» (4,2%) тааллуқ дорад. Нархи миёнаи фурӯши 1 кг шакар дар бозорҳои ҷумҳурӣ соли гузаштааз 6,79 то 8 сомониро ташкил дод.
Нисбат ба шахсони воқеӣ ва соҳибкорони инфиродӣ барои риоя накардани қонунгузории зиддиинҳисорӣ парвандаҳои маъмурӣ оғоз карда, аз онҳо ба маблағи 141840 сомонӣ ҷарима таъин карда шуд. Инчунин, ба маблағи 40542, 36 сомонӣ даромади беасос ошкор гардида, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба маблағи 196 978 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд.
Э. НАЗАРОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *