6 соли зиндон барои “бӯсидани духтари ноболиғ”

Додгоҳе дар вилояти Орлови Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро барои шаш сол равонаи зиндони низомаш пурзӯр кардааст. 
Ин ҷавони 30-сола дар анҷоми “амалҳои хусусияти шаҳвонидошта” нисбат ба ноболиғ муҷрим шинохта шудааст.

Мария Родионова, муфаттиши калони Шӯъбаи тафтишотии ноҳияи Орлов гуфтааст, тафтишот муайян намуд, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон духтари 10-солаи мардеро, ки манзилашро таъмир мекардааст, бусидааст: “Моҳи майи соли 2016 гумонбаршуда дар ҳолати мастӣ духтарчаро ба таҳхонаи бино бурда, аз ҳолати оҷизии вай истифода намуда, ӯро оғуш гирифтаву аз даҳонаш бусидааст”.

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *