Шакарханд аз Абдурауф Муродӣ
Беобрӯе номи тифли навзодашро Обрӯй ниҳоду даъво кард, ки “акнун мо ҳам обрӯй дорем”.
***
Дузана, то ки ба ҳар ду занаш маъқул шавад, дурӯя ҳам шуд.
***
Ниҳоят мурғи илҳомаш ба парвоз омад, вале онро зуд паронданд.
***
Аломати саволро расо таъриф карданд, боифтихор қоматашро рост карду ба аломати хитоб табдил ёфт.
***
Касе ба дили ӯ роҳ ёфта натавонист, зеро дилаш хеле сиёҳу торик буд.
***
Бисёр шодӣ намекард аз омади кораш. Метарсид, ки аз шодии зиёд ба куртааш нагунљида, онро бидаронад.
***
Корд ба устухон расид, вале устухон ҳис накард.
***
Марде худро кар муаррифӣ кард. Дашномаш доданд. Гуфт, ки агар мешунидам, љазоятонро медодам. Сад алам, ки карам.
***
Хар ҳафтае ҳангас назаду лагадпартоӣ накард, лекин ҳамоно хараш меномиданд.
***
Ба болои ҳафт қабат кӯрпача мурооташ карданд. Баромада натавонист.
***
Гӯшту рӯғани гӯсфандҳои колхоз ҳама нобуд гашта, дар бадани мудири ферма ва атрофиёни ӯ рӯ заданд.
***
Зани ман низ чароғи хонадон аст, лекин хирасӯз.
***
Дилашро хостанд ба кор гарм кунанд, вале якбора оташ гирифт.
***
“Бе қафомондагон кор мекунем” гуфта, ҳайкалро низ ҳар рӯз ду-се қадам пештар меғељонданд.
***
Нависанда деҳқонест, ки дар панљ-шаш моҳ ҳосил мерасонад. Мунаққид комбайнест, ки дар ду-се соат онро даравида мепартояд.
***
Олимшавандае мунаққидро ҳам ба гурӯҳи хояндагон дохил кардааст.
***
Ҳоло ҳаљми асари адибро на илҳом, балки эҳтиёљи иқтисодияш муайян мекунад.
***
Курра шукр мегуфт, ки ба ҳар ҳол то хар шуданаш хеле вақт ҳаст.
***
Меҳмон ба хон “ҳуљум” кард, мизбон дасту по гум кард.
***
Шайтонро фирефта, ба дасти занаш афтод.
***
Азбаски шамъу парвонагӯӣ дар адабиёт аз ҳадди эътидол гузашт, чароғи барқиро офариданд.
***
Кордаш ҳамеша болои рӯған қарор дошт, вале кунд ки буд, онро бурида наметавонист.
***
Абдурауф МУРОДӢ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ