Холикназар

Шакарханд аз Холиқназар Ҷумъазода

Обулойкунии маблағ

— Дар нашрияе хондам, ки чанд мансабдор пули буҷаро обулой кардаанд. Оё ин рост аст?,- пурсидам аз Мундонӣ.

Гуфт:

— Бале, рост аст, рост, ман ҳам хондам.

— Онҳо ин қадар пулҳои обулой кардаашонро чӣ кор мекунанд?,- боз суол кардам.

— Иморат доштагигистанд, иморат,- оромона посух дод Мундонӣ.

— Бо обу хок лой карданро шунида будам,- гуфтам бо ҳайрат,- аммо нав фаҳмидам, ки пулро обу лой карда, иморат мекардаанд.

Зангирӣ осон…

Мундонӣ аз ҷавоне, ки аз завҷааш ҷудо шуда буд, пурсид:

— Шунидам, ки ба наздикӣ зан гирифта будӣ. Чаро аллакай ҷудо шудӣ?

Афсӯсхӯрон гуфт:

— Зангирӣ осон будааст, бобо, вале зандорӣ кардан кори саҳле набудааст.

“Барқи тоҷик” дар кадом аср зиндагӣ мекунад?

Дар деҳа вақте сухан атрофи реҷаи барқ рафт, мўйсафеде ба ман муроҷиат карда, гуфт:

— Муаллимҷон, ту ҳар замон мегӯӣ, ки мо дар асри 21, дар асри илму технология зиндагӣ дорем. Ин технологияи гуфтагиат бе барқ ҳам кор мекунад? Наход дар асри 21 барқ набошад?

— Бобоҷон,- гуфтам бо шӯхӣ,- мову шумо ба асри нав гузаштем, вале “Барқи тоҷик” ҳанӯз нагузаштааст.

— Магар ҳамин хел ҳам шуданаш мумкин?,- пурсид бо шубҳа.

— Чаро не?,- гуфтам бо табассум.- “Барқи тоҷик” пулгириву ҳисобкунакҳояшро ба асри нав мутобиқ карда бошад ҳам, ҳанӯз худаш бо ҷадвали солҳои охири қарни 20 кор карда истодааст-дия!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *