Баррасии муҳимияти алимент дар Тик-Ток

Сомонаи ҶОМ (ҷавонон ояндаи миллат), ки ба инъикоси ҳаёти ҷавонони кишвар машғул аст, дар саҳифаи Тик-Токии худ вобаста ба муҳимиятҳои ситонидани алимент наворе нашр кард.Навори мазкур ба саволҳои “Оё алимент то 18-солагӣ пардохт мешавад?”, “Оё қонун модаронро низ ба супоридани алимент уҳдадор мекунад?”, “Оё имкон дорад, ки шахси алиментсупор яку якбора онро пардохт кунад?” ва ғайраҳо посух дода мешавад. Мутахассиси соҳа дар ин навор чунин назар медиҳад:- Дар мо фаҳмише ҳаст, ки гӯё алимент то 18-солагӣ аст, вале агар фарзанди шахс пас аз хатми мактаби миёна ба коллеҷ ё донишгоҳ дохил шавад, пардохти алимент давом меёбад. Агар ӯ дар муассисаи миёнаи касбӣ таҳсил кунад, то 20-солагӣ ва агар дар мактаби олии касбӣ таҳсил намояд, то 24-солагӣ пардохти алимент давом меёбад. Агарчи чунин наворҳо дар рӯйхати “ТОП”-и Тик-Ток намебароянд ва тамошобини кам доранд, вале метавон гуфт, ки ба беҳтар шудани сифати сегменти тоҷикии ин шабакаро мусоидат мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *