Абдурозиқ ҳаҷ рафт

Абдурозиқ Эгамов, овозхон ва блогери тоҷик, ки ҳамакнун дар дунё шинохта шудааст, бо нашри ду акс дар саҳифаи Инстаграмаш хабар дод, ки ба зиёрати хонаи Худо рафтааст.

Овозхони ҷавон дар зери аксҳояш чунин навишта аст:»Шукри Худо, аввалин ҳаҷи Умраи ман дар умрам аст. Бо дуо мо метавонем ҳамдигарро дӯст дорем ва муҳофизат кунем. Барои оромӣ ва осоиштагӣ дуо кунед».Абдурозиқро ҳоло дар сартосари ҷаҳон мешиносанд ва ӯ пайваста дар барномаҳо, намоишҳо, мусобиқаҳо ва дигар чорабиниҳои сатҳи баланд ҳамчун меҳмони махсус иштирок мекунад.Ӯ дар баробари блогерӣ, ҳамчунин, овозхониашро давом дода истодааст ва ду суруди охири сароидааш бо забони ҳиндӣ мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *