Шакарханд аз Холиқназар Ҷумъазода

Барқ ҳам муҳоҷир шуд

Дар деҳа дар даврае нишаста, аз бурду бохти рӯзгор суҳбат доштем. Марди маҷруҳе бо ҳасрат гуфт:

— Дар деҳаҳо мард намонду дар мактабҳо муаллим, ҷӯраҷон.

— Ба куҷо рафтанд ҳама?,- пурсидам аз ӯ.

Гуфт:

— Ба куҷо мешуд, албатта ба муҳоҷират.

Мавзӯи муҳоҷират нав гарм шуда буд, ки барқ хомӯш шуд.

Нафаре хандиду гуфт:

— Ана, барқ ҳам муҳоҷир шуд.

Рақси зиндаву консерти мурда

Дар консерти ҳофизе ширкат доштем. Қариб ҳама сурудҳояшро ҳофиз бо фонограмма мехонду раққосаҳо ҳунарнамоӣ мекарданд. Аз Мундонӣ, ки дар паҳлуям менишаст, пурсидам:

— Консертеро, ки дар он ҳофиз бо фонограмма мехонаду раққосаҳо мерақсанд, чӣ ном мебаранд?

Гуфт:

— Рақси зиндаву консерти мурда.

Суннатро иҷро мекунем гуфта, фарзро аз даст додем

Рафиқе ҳам зан дошту ҳам маъшуқа. Ўро ба роҳи рост ҳидоят карданӣ шуда, хеле насиҳат карда, гуфтем:

— Маъшуқабозӣ гуноҳ аст, зеро зино ба ҳисоб меравад. Агар аз маъшуқаат дур шуда натавонӣ, беҳтараш ўро ҳам ба никоҳат дарор. Бо ин роҳ ту ҳам савоб мегирӣ ва ҳам суннати пайғамбарро ба ҷо меорӣ.

Ниҳоят, баъди насиҳатҳои зиёд, ў маъшуқаашро ҳам ба никоҳаш даровард. Рўзе, вақте ба дидорбиниаш омадем, маълум шуд, ки зани асосиаш ўро тарк кардааст ва зани нав низ рафтааст.

Лаҳзае ба дилбардориҳои мо гӯш карда, гуфт:

— Суннатро иҷро мекунем гуфта, фарзро аз даст додем.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *