Ислом камарбанди дуюми UFC-ро мехоҳад

Дар доираи мусобиқаи UFC 296 чемпиони вазни ниммиёна Леон Эдвардс бо довталаб Колби Квингтон муҳориба гузаронид, ки чемпион бори дуюм камарбандашро ҳимоя кард.

Муҳорибаи мазкурро чемпиони UFC дар вазни сабук Ислом Махачев аз наздик тамошо кард ва ба он баҳои паст дод:

— Набарди дилгиркунанда, рақиби навбатии ман бояд Леон Эдвардс шавад, зеро чемпиони ин вазнро иваз бояд кард.

Дар ин масъала ҳоло намояндагони ташкилот ва худи Леон Эдвардс чизе нагуфтаанд, вале тавре огоҳем, Ислом Махачев мехоҳад барои камарбанди чемпиони UFC дар вазни ниммиёна мубориза барад. Коршиносон мегӯянд, ки агар дар набарди сипаришуда Колби Квингтон ғалаба мекард, муҳорибаи Ислом Махачев бо ӯ шавқовартар мешуд, зеро ҳарду варзишгар нисбат ба ҳамдигар берун аз варзиш ҳам нафрат доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *