Кори нави Сироҷиддин Ғафурӣ

Ҳунарманд, коргардон ва овозхони тоҷик Сироҷиддин Ғафурӣ дар саҳифаи Инстаграмаш порае аз силсилафилми “Хусури ман”-ро гузошта, ба ин васила ба мухлисонаш хабар дод, ки чеҳраи нави сериали мазкур шудааст.

Сироҷиддин Ғафурӣ дар силсилафилми “Хусури ман” нақши Абу, ҷавони сарсахт ва каме якравро иҷро мекунад. Ӯ ҷавонест, ки падару модар надорад ва ба қавле дарди сари қаҳрамони асосии филм – Ҳайталии хасис мешавад.

Бояд гуфт, ки силсилафилми “Хусури ман”-и Набиҷон Пирматов аз ҷумлаи сериалҳои ютубиест, ки рекорд гузошт. Ҳар қисми онро дар миёни 2-3 рӯз миллион маротиба мебинанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *