Шамсиддини Шоҳин: Таркиш ду ноболиғро захмӣ кард
Бар асари таркиши маводи мунфаҷира ду сокини ноболиғи деҳаи Қавоқи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи пешин) захмӣ шуданд. Ин ҳодиса бегоҳи 9 май дар панҷкилометрии марзи Тоҷикистону Афғонистон рух додааст.
Як мақоми ҳукумати ноҳияи Шамсиддини Шоҳин гуфтааст, ки бародарон Шоҳрухи 14-сола ва Сунатуллои 15-сола феълан дар бемористони Саричашмаи ин ноҳия бистарианд. Ин мақоми ҳукумати ноҳияи Шамсиддини Шоҳин гуфтааст, бар асари таркиши маводи тарканда даст ва сару рӯи ин ду кӯдак маъюб шудааст.
“Инҳо барои чидани алафи баҳорӣ рафта будаанд. Аз ҷои ҳодиса то бемористон дар тӯли чаҳор соат оварда шуданд. Каме хунашон рафтааст, вале пизишкон талош доранд, ки онҳоро наҷот бидиҳанд”, — афзудааст ӯ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ